- Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонавӣ
- Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ
- Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ
- Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Низомномаи сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи сарраёсат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 тасдиқ гардидааст, таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа ва тартиби фаъолияти сарраёсатро муайян менамояд.
2. Сарраёсат воҳиди сохтории Хадамот буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба асос мегирад.
3. Сарраёсат таҳти роҳбарии Сардори Хадамот фаъолият менамояд.
4. Сарраёсатро сардори сарраёсат, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.
5. Ба ҳайати сарраёсат мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ шомиланд, ки номгўи онҳо дар басти вазифаҳо пешбинӣ шудаанд.
6. Сарраёсат бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдошта ҳамкорӣ менамояд.
7. Сарраёсат шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди таъминкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти Хадамот мебошад.
2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ САРРАЁСАТ
8. Низомномаи сарраёсат, сохтор ва басти воҳидҳои кориро Сардори Хадамот тасдиқ мекунад.
9. Сарраёсат аз сардори сарраёсат, сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон иборат мебошад.
10. Кормандони сарраёсат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз ҷониби Сардори Хадамот ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
11. Бастани шартномаи меҳнатӣ бо хизматчиёни давлатии сарраёсат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
12. Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти дигари хизматчиён бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ амалӣ мегардад.
3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСӢ
13. Сарраёсат назорати давлатии фаъолияти тиббию ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба роҳ мемонад.
14. Таъмин намудани ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ барои гирифтани кўмакҳои тиббию беҳдоштӣ ва иҷтимоӣ.
15. Назорати фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
16. Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон бобати таъмини сифати хизматрасониҳо.
38. Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:
— Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳо.
4. ҲУҚУҚҲОИ САРРАЁСАТ
45. Сарраёсат ҳуқуқ дорад:
— дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ назорати фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоиро анҷом диҳад;
— аз таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ шаҳодатномаи аккредитатсияро талаб намояд;
— оид ба манъи хизматрасониҳои хатарноки тиббӣ чораҳо андешад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
47. Ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти кормандони сарраёсат дар дастурамалҳои мансабӣ пешбинӣ мегарданд.
48. Масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
- Шуъбаи назорати фармакологии маводи дорувори
- Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
- Шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиенӣ
- Шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо
- Шуъбаи бақайдгирии маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ
- Шуъбаи омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содиротӣ
- Шуъбаи аккредитатсия ва назорати намояндагиҳои тиббӣ
Дар бораи сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Мутобиқи қисми 2 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, №579 ва сархати 4 банди 12 Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Низомномаҳои сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-42).
2. Нусхаҳои Низомномаҳо ба сардори сарраёсат ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, нусхаҳои дастурамалҳои мансабӣ ба ҳар як хизматчии давлатӣ супорида шаванд.
3. Фаъолияти минбаъдаи хизматчиёни давлатии сарраёсат тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, Низомномаҳо ва дастурамалҳои мансабӣ ба роҳ монда шаванд.
Сардор С. Бекмуродзода