Хадамоти тандурустӣ

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон

 

Почтаи электронӣ:

Тел.: +992 (37)

Почтаи электронӣ шуъба:

ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ САРРАЁСАТ

Сарраёсат назорати давлатии фаъолияти тиббию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фармасевтиро дар вилояти Хатлон ба роҳ мемонад.

Тибқи тартиби муқарраргардида назорат ва санҷиши фаъолияти ташкилотҳои фарматсевтӣ ва тиббӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин муомилоти қонунии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию  гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороиширо, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд анҷом медиҳад.

Ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва назорати давлатии фаъолияти ташкилотҳои фарматсевтӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба масъалаҳои истеҳсол, тайёркунӣ, содирот, воридот, назорати сифат, нигоҳдорӣ, фурӯш ва истифодабарии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридоштаро анҷом медиҳад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамот корҳои омодасозӣ, барасмиятдарорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи гигиенӣ ва воситаҳои ороишӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, обҳои маъдании дорои хусусияти табобатию пешгиридошта, маводи безараркунанда, реагентҳои барои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро дар вилояти Хатлон анҷом медиҳад;

Назорати бақайдгирии давлатии дорувории истеҳсоли ватанию хориҷӣ, ашёи хоми доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, ғизои кӯдакона, ҳамчунин барои аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатиро тибқи тартиби муқарраргардида, пешниҳод менамояд.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва аз муомилот бозпас гирифтани маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои маъдании дорои хусусияти табобатию пешгиридошта, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона, ки ба талаботи стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд манъ менамояд.

Бо тартиби муқарраргардида дар вақти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ ва тиббиро ба танзим медароранд иштирок менамояд.

Назорати фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустиро бо мақсади аттестатсияи онҳо ва аттестатсияи такрорӣ анҷом медиҳад.

Санҷиши назоратии озмоишгоҳҳоро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, ки ба фаъолияти фарматсевтӣ машғуланд анҷом медиҳад.

Аккредитатсияи муассисаҳои фарматсевтӣ, корхона ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти дорои таъйиноти табобатию профилактикӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва маводи ороишию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, аз ҷумла намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолкунанда ва шаҳрвандони хориҷиро, ки ба фаъолияти фарматсевтӣ машғуланд анҷом медиҳад.

Санҷишҳои назоратӣ дар муассисаҳои фарматсевтӣ, табобатию профилактикӣ, нуқтаҳои фурӯш, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба иҷрои тартиб ва қоидаҳои нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, тақсимот, истеҳсол ва фурӯши маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои маъдании дорои хусусияти табобатию пешгиридошта, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро ташкил ва мегузаронад.

Санҷишҳои назоратии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба риояи тартиб ва қоидаҳои воридот ва содирот, нигоҳдорӣ ва тақсимоти ёрии башардӯстонаи маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридоштаро мегузаронад.

Назорати давлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти фарматсевтӣ ва тиббӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон оид ба риоя гардидани талаботи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла талабот оид ба бастабандӣ ва тамғагузории маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридоштаро анҷом медиҳад.

Назорати давлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки ба фаъолияти фарматсевтӣ ва тиббӣ машғуланд, оид ба иҷро гардидани амрномаҳои Сарраёсат доир ба бартараф кардани қонуншиканиҳо ва беҳтар намудани сифат, пешгирӣ намудани истеҳсол ва фурӯши маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридошта, ки ба талаботи стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй нестанд амалӣ менамояд.

Экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ташкил ва амалӣ менамояд.

Назорати давлатӣ ва санҷиши истифодаи мақсадноки маводи доруворӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, молҳои тиббии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дастрасшударо амалӣ менамояд.

Назорат, бақайдгирӣ, сертификатсиякунонӣ ва дигар амале, ки ба муомилоти маводи дорувории нашъадор, маводи дорувории сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои он, моддаҳои заҳрнок ва реактивҳои ташхисӣ вобаста мебошад, анҷом медиҳад.

Санҷиши назоратии таҳвилгарони хориҷӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравишон, аз ҷумла хориҷӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои ороишӣ, обҳои маъдании дорои хусусияти табобатию пешгиридошта, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро дар асоси созишнома ва шартномаҳои дутарафа бо супориши Сардори Хадамот ташкил ва амалӣ менамояд.

Тибқи тартиби муқарраргардида ҳангоми воридоту содирот ва пеш аз фурӯш додани сертификати мутобиқат ва хулосаи сифати маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои ороишӣ, обҳои маъдании дорои хусусияти табобатию пешгиридошта, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро медиҳад.

Назорати риояи реклама, озмоиши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, сертификатсия, бо тартиби муқарраргардида амалӣ менамояд.

Дар фаъолияти мақомоти давлатии экспертии машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳо)-ро дар соҳаҳои муқарраршуда иштирок менамояд.

Кормандони соҳаи тибро бо иттилооти касбии фарматсевтӣ таъмин менамояд.

Иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар якҷоягӣ бо сохторҳои алоқаманди дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамот.

Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳои соҳаи фармасевтӣ, тиббӣ, инчунин расонидани дастуру супоришҳои Сардори Хадамот ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо.

Тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба Сардори Хадамот пешниҳод намудани нақшаи кории Сарраёсат.

Иштирок дар ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа, омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба роҳбарият Хадамот.

Омода намудани маърӯзаҳо, ҳисобот ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар фаъолияти фармасевтӣ ва  тиббӣ дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо.

Дар масъалаҳои муҳокимашавандаи маҷлисҳои ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, машваратҳо, семинарҳо ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо, ки ба фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ вобаста аст дар мувофиқа бо Сардори Хадамот иштирок менамояд.

Санадҳои санҷишӣ ва амрномаҳое, ки аз тарафи хизматчиёни давлатии Сарраёсат тартиб дода мешавад, мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Вобаста ба тағйиру иловаҳо ворид намудан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ таклифу пешниҳод ба Сардори Хадамот манзур менамояд.

Дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок менамояд.

Дар рафти эпидемияҳо, садамаҳо, офатҳои табиӣ, фоҷиаҳои экологӣ ва дигар ҳолатҳои фавқуллода, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок мебошанд, иштирок менамояд.

Талабот ба доруҳои тиббии иммунобиологӣ, тест-системаҳо, маводи безараркунанда, муҳити ғизодиҳанда, ангезандаҳои химиявӣ, таҷҳизот барои ташхисгоҳҳо, асбобҳо ва ғайраро муайян менамояд.

Ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, анҷом медиҳад.

Ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро ба гирифтани кӯмакҳои тиббию санитарӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва сифатҳои аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, таъмин менамояд.

Фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд.

Назорати ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро бобати таъмини сифати дахлдори хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад, таъмин менамояд.

Қоидаҳои санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ, такрорӣ ва иловагиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», аккредитатсияи муассисаҳои тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, осмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ), ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калебровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ, таҳия менамояд ва бо мақсади арзёбии мутобиқати онҳо ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои мазкурро анҷом медиҳад.

Таҳияи стандартҳоро ҷиҳати расонидани кӯмакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мувофиқа бо Хадамоти назорати давдатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил менамояд.

Экспертизаи хизматрасонии бо сифати тиббиро ташкил ва амалӣ менамояд.

Дар доираи фаъолияти худ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодии мутобиқат ҳамкорӣ менамояд.

Сифати хизматрасониҳоро аз ҷониби шахсони воқеъӣ ва хуқуқӣ, ки расонидани кӯмаки тиббию санитариро ба шаҳрвандон амалӣ месозанд, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ ва самти фаъолият назорат менамояд.

Сифати хизматрасониҳои ташхисӣ (озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхиси вазифавӣ, томографияи компютерӣ, томографияи магнитии резонансӣ, ташхиси фаросавтӣ, рентгенӣ ва ғайра)-ро назорат менамояд.

Ҷиҳати бартараф намудани номутобиқатиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, ки ҳангоми санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ ошкор карда шудаанд, тавсия ва амрномаҳо пешниҳод менамояд.

Назорати тафтишотиро ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва амрномаҳои Сарраёсат аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ ҳамоҳанг месозад.

Тайёр намудани хулосаҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати амалисозии меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи пешниҳод намудани кӯмакҳои тиббию санитарӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳамчунин талаботи стандартҳои тиббию санитарии дар ҷумҳурӣ қабулгардидаро таъмин менамояд.

Ба баррасии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббии ба шаҳрвандон расонидашавада таклифҳо пешниҳод менамояд.

Назоратро аз болои фаъолияти шӯроҳои тиббии муассисаҳои тандурустӣ, комиссияҳои табибӣ ва табибию машваратӣ комиссияҳо оид ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва бехатарии кӯмаки тиббӣ ва комиссияҳои таҳлилӣ ҳолатҳои марганҷомӣ ба роҳ мемонад.

Феҳрести муассисаҳои аккредитатсияшудаи тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ), ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ, пеш мебарад.

Шахсони манфиатдор ва истифодабарандагони эҳтимолии хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бевосита ё тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи хизматрасониҳои дастрасшудаи хатарноки тиббӣ ва иҷтимоӣ ва маҳсулоти фармасевтӣ хабардор менамояд.

Назорати дурустии таъин ва пардохти саривақтии кӯмакпулиҳо ва кӯмакпулиҳои иҷтимоии унвониро ба оилаҳои камбизоат, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин назорати фаъолияти марбутаи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро анҷом медиҳад.

Назорати фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро, ки ба расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба гуруҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (маъюбон, шахсони яккаю танҳо ва бепарастор) машғуланд ба роҳ мемонад.

Ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатӣ ва хизматиро дар бар мегирад, таъмин менамояд.

Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо розигии Сардори Хадамот бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:

- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон;

- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳо.

Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.

Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба Сардори Хадамот дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.