31 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш баргузор гардид.
Дар мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастоварду муваффақиятҳои соҳаи маориф ва илм натиҷагирӣ карда, вазифаву нақшаҳоро барои оянда мушаххас намуданд. Инчунин аз ҷониби Сарвари кишвар барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи соҳаи маорифу илм ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар партави ҳидояту роҳнамоиҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маърифат мунтазам рушду нумӯ ёфта, баҳри некӯаҳволии мардуми кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон хизмати шоиста мекунад.