Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон
24–26 августи соли 2026 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ иштирок намуд. Ҷониби Ӯзбекистонро Директори Агентии рушди соҳаи тиб ва фармасевтии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Азизов роҳбарӣ намуд.
Ба ҳайати миллии Тоҷикистон намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин ширкатҳо ва истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти доруворӣ шомил буданд.
Дар доираи Форум мулоқот ва муҳокимаҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи саноати фармасевтӣ, тавсеаи савдои мутақобилаи доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ, рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими корӣ байни намояндагони бахши фармасевтии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардиданд.
Яке аз самтҳои муҳими сафари мазкур иштироки касбии намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд. Ҳайати Хадамотро Гулзода Нурмаҳмад, сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарӣ намуд. Ба ҳайати гурӯҳи соҳавӣ инчунин Мавлонзода Алимат, сардори Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд, Зиёдулло Ализода, сардори шуъбаи назорати фармакологӣ, Олимов Муҳаммадӣ, сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва Наргис Абдураҳмонзода, роҳбари КВД «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ»-и Хадамот шомил буданд.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба идомаи ҳамкориҳои касбӣ бо мақомоти соҳавӣ ва сохторҳои танзимкунандаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадам ҷиҳати такмили низоми миллии танзими доруворӣ ва таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дорувории босифат, самаранок ва бехатар манфиатдор мебошад.