Сухани табрикотии сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, ба муносибати рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкасбони азиз, муҳтарам кормандони соҳаи тандурустии кишвар
ва кулли мардуми Тоҷикистон!

Шуморо ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил ва бо эҳсоси баланди ифтихору шарафмандӣ табрику муборакбод менамоям!
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба 9 сентябр рост меояд ва имсол мардуми шарафманди тоҷик 35-солагии онро таҷлил менамояд, падидаест шоиставу ибратбахш ва омӯхтанӣ, зеро дар як муддати барои таърихи башар кӯтоҳтарин он на танҳо аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт, балки дастовардҳои назаррасу дурахшонеро ба даст овард. Он аз волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар таърихи навини тоҷикон рух додааст.
Дар рӯзҳои оғози Истиқлолият давлати моро имтиҳони сахту сангин интизор буд. Ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, ки бо дасти бегонагон ва бадхоҳони миллати тоҷик тарҳрезӣ шуда буд. Аммо хиради зотии халқи соҳибтамаддуну куҳанбунёди мо дар охирин лаҳзаҳое, ки истиқлолиятамон дар вартаи фалокатҳо қарор дошт, бедор гардид ва истиқлолияти деринтизори мо ба шарофати фарзандони ҷоннисору ватандӯсташ аз фалокати нестӣ наҷот ёфт.
Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, ҳаёти озодонаи ҳар як фарди кишвари азизамонро таъмин менамояд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сию панҷ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллии худ гардидем.
Ҳамаи он кӯшишу заҳматҳо баҳри ба даст овардани Истиқлолият, пешравӣ, рушду нумӯъ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат ва давлати тоҷикон бо сарварӣ ва дастгирии бевоситаи фарзанди барӯманд ва Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо қайд намудаанд: «….Истиқлолият – ин рамзи соҳибдавлатӣ, ватандории миллати сарбаланди муттамадини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо менамояд.!»
Имрӯз парчами миллии Тоҷикистони озод дар сафи парчамҳои бузургтарин кишварҳои олам дар саҳнаҳои байналмилалӣ парафшон аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои онро дар саросари олам мешиносанду арҷ мегузоранд ва эҳтироми хосса ба Сарвари он доранд. Пешвои миллати мо низ бо ташаббусҳои бунёдкоронаю созанда ва иқдомҳои тақдирсози башарӣ на танҳо давлати моро ободу зебо ва дӯстдоштанӣ мегардонанд, балки дар раванди ҷаҳонии бунёдкориву созандагӣ саҳми арзанда ва назаррас гузошта, обрӯ ва нуфузи байналмилалии мамлакатамонро рӯз то рӯз боло мебардоранд. Ба шарофати сиёсати дурусти башардӯстонаву сулҳпарварона ва дастовардҳои беназире, ки имрӯз халқи тоҷик ба онҳо пайваста ноил мегардад, ҷумҳурии мо ва Пешвои хирадпешаи он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта мешаванд.
Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳои зиёди дорои аҳамияти бузург дар назар аст. Маҳз, самараи истиқлол буд, ки Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро барои ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.
Имрӯзҳо самараи истиқлолият аст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллати баруманди хеш ифтихор намуда, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.
Бигзор ҷашни муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва дар кору пайкорашон комёбиҳои беназир оварад. Бори дигар Истиқлолияти давлатии кишвар ба тамоми мардуми шарафманди тоҷик муборак бошад.
Поянда бод истиқлолият ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!