Сухани табрикотии сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, ба муносибати "Рӯзи кормандони соҳаи тиб"

Ҳамкорони азиз ва муҳтарам кормандони тандурустии кишвар!

Шуморо бо иди касбӣ — «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва дар касби басо шарафманду пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназирро таманно дорам!

Имсол иди касбии табибон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин, бешубҳа, фоли нек аст. Ҳамчунин, боиси хушнудист, ки ҷашни касбии табибон ба солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ — Абӯалӣ ибни Сино, ки яке аз поягузорони илми тиб дар ҷаҳон ба шумор меравад, алоқамандии бевосита дорад. Осори гаронбаҳои ин олими шинохтаи тоҷик дар тамоми сайёра ҳамчун ганҷи бебаҳои илм пазируфта шуда, ҳамчун роҳнамо дар фаъолияти кормандони соҳаи тиб хизмат мекунад.

Табиб дар ҷомеа ва байни мардум мақому манзалати хосса дошта, касби табибӣ аз пурифтихортарин ва пурмасъулияттарин касбҳо дониста мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид кардаанд: “Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад”.

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ мунтазам амалӣ карда мешаванд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидаанд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан дар деҳоти мамлакат, ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодаанд.

Албатта, дар ин ҷода саҳми кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ назаррас мебошад. Фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ дар умум хуб арзёбӣ карда мешавад. Тайи ин солҳо кормандони Хадамот баҳри таъмини бозори фармацевтии кишвар бо доруҳои босифат, молҳои тиббӣ ва ба аҳолӣ расонидани хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ корҳои мушаххасу арзандаро ба анҷом расонида, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки онҳо минбаъд низ баҳри ободиву гулгушукуфоии кишварамон камари ҳиммат баста, дар ин кори барои миллату давлат муҳим саҳми босазои худро мегузоранд ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён пешвоз хоҳанд гирифт.

Итминон дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ низ дастовардҳои хешро муттасил афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи нек, бахусус бо фаро гирифтани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро ба муносибати ҷашни касбӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ин кори заҳматталаб, вале пуршараф барору муваффақият орзу менамоям.

Ид муборак, табибони арҷманд!

Ҳамеша саодатманд ва сарбаланд бошед!