Ордени «Шараф дараҷаи II» — эътирофи хизматҳои содиқонаи Султон Бекмуродзода

Кулли кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сардори Хадамот, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмуродро бо сарфароз гардидан бо мукофоти давлатӣ — Ордени «Шараф» дараҷаи II аз таҳи дил табрику муборакбод менамоянд.

Барои ҳар як шаҳрванд, бахусус роҳбари соҳа, гирифтани чунин мукофоти олӣ аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафи бузург ва масъулияти боз ҳам бештар дар назди ҷомеа ва Ватан мебошад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин лаҳзаи хотирмон барои муҳтарам Султон Бекмуродзода — пайрави асили Пешвои муаззами миллат, роҳбари ғамхор ва соҳибкасби пуртаҷрибаву оқил оғози дастовардҳои боз ҳам бузургтар хоҳад гашт.

Мукофоти давлатӣ муборак бод, роҳбари арҷманд!