18 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии табибон — «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори Хадамот, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод кушода, аҳли нишаст ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро бо иди касбияшон табрику муборакбод намуд.

Зимни баромад қайд гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими иҷтимоӣ ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати махсус зоҳир менамояд. Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар кишварамон сол то сол рӯ ба инкишофу рушд меоварад

Таъкид карда шуд, ки иди касбии кормандони тиб бо мавлуди алломаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино робитаи бевосита дорад. Дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошта, хазинаи тибби миллии мо ғаниву беназир ташаккул ёфтааст.

Сардори Хадамот аз дастовардҳои соҳа ёдовар гардида, таъкид намуд, ки дар самти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамасола натиҷаҳои беҳтару бештар ба даст оварда мешаванд. Ин омил ба баланд гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, рушди сабку усулҳои нави табобат ва ворид намудани таҷҳизоти муосир ба муассисаҳои тандурустии кишвар мусоидат менамояд.

Дар хатми ҷаласа як гурӯҳ кормандони Хадамот, ки дар фаъолияти хизматӣ маҳорату кордонии баланд нишон доданд, бо нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои сардори Хадамот қадрдонӣ карда шуданд.