Натиҷабардорӣ аз фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаш моҳи соли 2026

Дар маҷлиси умумии кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки 14 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Хадамот баргузор гардид, фаъолияти Хадамот дар шашмоҳаи аввали соли 2026 натиҷабардорӣ карда шуд.

Маҷлисро сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод раисӣ намуд. Дар ифтитоҳи маҷлис раис ҳамагонро бо рӯзнома ва регламенти корӣ шинос намуда, бевосита ба баррасии масъалаи асосӣ оғоз бахшид.

Сардорони сарраёсатҳои марказӣ, сарраёсату раёсатҳо дар вилоятҳо ва минтақаи Кӯлоб оид ба фаъолияти кории худ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд. Номбурдагон дар баромадҳои худ дар баробари дастоварду пешравиҳо, ҳамчунин ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта низ ишора намуданд. Аз ҷумла, сардори сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон, муҳтарам Абдуқодирзода М., вобаста ба андешидани чораҳои қатъӣ нисбат ба ашхосе, ки ҳангоми санҷишҳо дар фаъолияташон камбудиҳои назаррас ошкор мегарданд, фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошт.

Дар хотимаи ҷаласа сардори Хадамот, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод ва муовини якуми сардори Хадамот Қадамов Идибек Мансурович ба сухан баромада, оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамот ибрози ақида намуданд ва барои бартараф намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.