Ғолибияти навбатии тими футболи Хадамот
9 июли соли 2026 қисмати ниҳоии мусобиқаи ХХ-уми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Ин мусобиқа ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол», таҷлили зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбии Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар қувваозмоии ҳалкунанда тими Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастаи «Шифобахш-2» рӯбарӯ шуда, бо ҳисоби 3 бар 1 зафар ёфт ва ғолиби мусобиқа гардид.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи солимии аҳолӣ, тарғибу ташвиқи бозии футбол дар байни кормандони соҳа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушд ва инкишофи минбаъдаи футбол дар ҷомеа созмон дода шуд. Мусобиқа бо иштироки 15 даста аз 2 июн то 9 июли соли 2026 идома ёфт.
Дастаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар тамоми давраҳои мусобиқа маҳорату малакаи баланди футболбозиро нишон дода, сазовори Ҷоми гузаранда, ифтихорномаҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот гардид.
Бинобар ба даст овардани чунин дастовардҳои назаррас дар мусобиқа ва баланд бардоштани мақому манзалати муассиса, роҳбарияти Хадамот, бахусус сардори он, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод ба тамоми бозингарони даста миннатдории бепоёни худро иброз намуд. Роҳбарият эътимоди комил дорад, ки тими Хадамот минбаъд низ дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.