ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ

        Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, 19 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушти хоки оромгоҳи фарзандони барӯманди миллат — Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин арбоби намоёни сиёсиву фарҳангӣ Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуда, дар оромгоҳи машҳури пойтахти мамлакат “Лучоб” бо эҳтироми шоиста ва тантанавор ба хок супурда шуданд.

       Дар доираи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидат ба гиромидошти хотираи фарзандони фарзонаи миллат, таҳкими эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърихи пурғановати миллӣ ва пос доштани арзишҳои маънавию фарҳангӣ, имрӯз, 9 июни соли 2026, як гурӯҳ кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарии сардори Хадамот, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо директори генералии муассиса Давлатзода Дилшод Аслам ба оромгоҳи “Лучоб” ташриф оварда, турбати фарзандони фарзонаи миллатро зиёрат намуданд.

         Ёдовар мешавем, ки Нусратулло Махсум яке аз роҳбарони аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсии кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Шириншо Шотемур аз муборизони фаъоли роҳи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҷомеа хизматҳои арзишманд анҷом додааст. Нисор Муҳаммад низ ҳамчун шахсияти маъруф дар таърихи кишвар бо фаъолияти ҷамъиятӣ ва саҳми худ дар пешрафти ҷомеа мақоми шоиста дорад.

      Иштирокчиёни маросим бар сари турбати фарзандони фарзонаи миллат — Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммад гулчанбарҳо ва гулдастаҳо гузошта, поси хотири онҳоро шод доштанд.

       Қобили зикр аст, ки гиромидошти хотираи неки чунин ашхоси барӯманд дар таҳкими худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии миллат аҳамияти басо бузург дорад. Бошад, ки сафи ҷавонони имрӯза аз шахсиятҳои дорои чунин хислатҳои наҷиби инсонӣ зиёд гардида, истиқлолият ва ҳувияти кишвари азизамонро то абад нигоҳ доранд.