Санаи 25 июни соли 2026 дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Инстаграми Шаҳлои Гулхоҷа наворе чоп гардидааст, ки дар он аз хариди доруи «Офталмоферон» (барои чашм), ки муҳлати истифодааш гузаштааст, иттилоъ дода мешавад.

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳангоми дучор гардидан бо чунин ҳолатҳо метавонанд ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ваколатдори бевоситаи назорат дар соҳаи муомилоти маводи доруворӣ мебошад, муроҷиат намоянд. Муроҷиат метавонад тавассути ташриф ба идораи Хадамот ва ё тавассути телефонҳои боварии 888 000 303 ва 888 000 330 амалӣ карда шавад.

Бо вуҷуди ин, ҳолати дар навор дарҷгардида аз ҷониби кормандони Хадамот фавран мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа, нисбат ба мудири дорухонаи №129-и ҶДММ “Мадад Фарм”, ки дар навор сухан дар бораи он меравад, чораи маъмурӣ дар намуди ҷарима андешида шуд.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми дучор гардидан бо ҳолатҳои фурӯши доруҳои муҳлаташон гузашта ва дигар қонуншиканиҳо дар самти муомилоти маводи доруворӣ, ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд.