Сухани табрикотии сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ
Ҳамкорони гиромӣ ва ҳамватанони азиз!
Шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният менамоям ва ба якояки шумо хонаи ободу осмони софи беғубори сулҳу оромиро таманно дорам!
Имсол мардуми шарафманди тоҷик ин ҷашни бузургро якҷо бо омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд, ки бештар шодиовару гуворо эҳсос карда мешавад.
Ваҳдати миллӣ падидаи беназирест, ки дар таърихи давлатдории миллиамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин рӯз, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо ва муқаддас, ки сарҷамъии миллатро таъмин ва заминаҳои устувори иттиҳоду ягонагии миллиро бунёд гузошт, минбаъд пешрафту комёбиҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рӯзгори саодатбори мардуми заҳматкаши кишвар рангу таровати тоза пайдо намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон роҷеъ ба арзиши баланди таърихии ваҳдати миллӣ чунин таъкид доштаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Воқеан, барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат аз имтиҳони сахти таърих гузашта, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки ин миллат метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Ваҳдату ягонагӣ шароит фароҳам овард, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҳкими заминаҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи тандурустии кишвар ва густариши пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ тадбирҳои муассир амалӣ гарданд. Сол то сол афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа, ҳамасола дар кишвар ба истифода дода шудани теъдоди муайяни муассисаҳои тиббии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, таҳия ва татбиқи стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ намунаи равшани ин гуфтаҳоянд.
Моро зарур аст, ки бо сари баланд ба дастовардҳои беназири ин давлати обод ва миллати шарафмандамон назар афканда, бо дили пур аз орзуву умедҳои нек ба фардои ободу дурахшон қадамҳои устувор гузорем.
Бори дигар ҳар яки шуморо бо ҷашни навбатии солгарди Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, ба хонадонатон сулҳу осоиш ва бахту саодат орзу дорам.
Бигзор, ҳамарӯз садои ваҳдати миллӣ – пояи устувори истиқлоли давлатӣ, абадӣ дар гӯшаву канори кишвари биҳиштосоямон танинандоз бошад!