Card image

Бекмуродзода Султон Бекмурод

Сардори хадамот

Тарҷумаи ҳол

Тамос: 2-50-35-31

Рӯзҳои қабул: Панҷшанбе: аз соати 14:00 то 16:00

Card image

Қадамов Идибек Мансурович

Муовини якум

Тарҷумаи ҳол

Тамос: 

Рӯзҳои қабул: Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00 | Шанбе: аз соати 08:00 то 12:00

Card image

Олимов Давлатмурод Абдухалилович

Муовини сардор

Тарҷумаи ҳол

Тамос: 

Рӯзҳои қабул: Чоршанбе: аз соати 14:00 то 16:00 | Шанбе: аз соати 08:00 то 12:00

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2017, № 597

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии фаъолияти тиббию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фармасевтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272).

2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ", фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

4. Хадамот ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда, инчунин муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамот метавонанд ҳамчун пойгоҳи таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббӣ ва фармасевтӣ истифода шаванд.

2. ВАКОЛАТҲОИ ХАДАМОТ

5. Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, анҷом медиҳад;

- ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро ба гирифтани кумакҳои тиббию санитарӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва сифатҳои аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида таъмин менамояд;

- фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд;

- назорати ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро бобати таъмини сифати дахлдори хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ва хизматрасонин иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд, таъмин менамояд;

- қоидаҳои санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ, такрорӣ ва иловагиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", аккредитатсияи муассисаҳои тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ), ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ, таҳия менамояд ва бо мақсади арзёбии мутобиқати онҳо ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои мазкурро анҷом медиҳад;

- таҳияи стандартҳоро ҷиҳати расонидани кумакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;

- экспертизаи хизматрасонии босифати тиббиро ташкил ва амалӣ менамояд;

- дар доираи фаъолияти худ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ҳамкорӣ менамояд;

- сифати хизматрасониҳоро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки расонидани кумаки тиббию санитариро ба шаҳрвандон амалӣ месозанд, новобаста аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва самти фаъолият, назорат менамояд;

- сифати хизматрасониҳои ташхисӣ (озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхиси вазифавӣ, томографияи компютерӣ, томографияи магнитии резонансӣ, ташхиси фаросавтӣ, рентгенӣ ва ғайра)-ро назорат менамояд;

- ҷиҳати бартараф намудани номутобиқатиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, ки ҳангоми санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ ошкор карда шудаанд, тавсия ва амрномаҳо пешниҳод менамояд;

- назорати тафтишотиро ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва амрномаҳои Хадамот аз рўи натиҷаҳои санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ ҳамоҳанг месозад;

- тайёр намудани хулосаҳои кўтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуддати амалисозии меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи пешниҳод намудани кумакҳои тиббию санитарӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳамчунин талаботи стандарҳҳои тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ қабулгардидаро таъмин менамояд;

- ба баррасии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббии ба шаҳрвандон расонидашаванда таклифҳо пешниҳод менамояд;

- назоратро аз болои фаъолияти шўроҳои тиббии муассисаҳои тандурустӣ, комиссияҳои табибӣ ва табибию машваратӣ, комиссияҳо оид ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва бехатарии кумаки тиббӣ ва комиссияҳои таҳлили ҳолатҳои марганҷомӣ ба роҳ мемонад;

- феҳристи муассисаҳои аккредитатсияшудаи тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ), ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ, пеш мебарад;

- шахсони манфиатдор ва исхифодабарандагони эҳтимолии хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бевосита ё тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи хизматрасониҳои дастрасшудаи хатарноки тиббӣ ва иҷтимоӣ ва маҳсулоти фармасевтӣ хабардор менамояд;

- назорати дурустии таъйин ва пардохти саривақтии кумакпулиҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоии унвониро ба оилаҳои камбизоат, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин назорати фаъолияти марбутаи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро анҷом медиҳад;

- назорати фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро, ки ба расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (маъюбон, шахсони яккаю танҳо ва бепарастор) машғуланд, ба роҳ мемонад;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои дигар барномаи рушди системаи давлатии экспертиза, стандартонӣ, сертификаткунониро дар қисмати таъмини давлатии аҳолӣ бо маводи дорувории босифат, ашёи хоми доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои косметикӣ, обҳои маъдании дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдакона амалӣ менамояд;

- назорат ва санҷиши фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин муомилоти қонунии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороиширо анҷом медиҳад;

- ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва назорати давлатии фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба масъалаҳои истеҳсол, тайёркунӣ, содирот, воридот, санҷиши сифат, нигоҳдорӣ, фурўш ва истифодабарии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридоштаро анҷом медиҳад;

- таҳия ва пешбурди феҳристи давлатии маводи доруворӣ, ашёи хоми доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводи санитарию гигиениро амалӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодасозӣ, барасмиятдарорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи санитарию гигиенӣ ва воситаҳои ороишӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, обҳои минералии дорои таъсири табобатию пешгиридошта, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдаконаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

- бақайдгирии давлатии дорувории истеҳсоли ватанию хориҷӣ, ашёи хоми доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, ғизои кўдакона, ҳамчунин аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатиро тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ менамояд;

- истеҳсол, фурўш ва аз муомилот бозпас гирифтани маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои таъсири табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдакона, ки ба талаботи стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, манъ менамояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти фарматсевтиро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

- назорати фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустиро бо мақсади аттестатсияи онҳо ва аттестатсияи такрорӣ оид ба ҳуқуқи гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ анҷом медиҳад;

- санҷиши назоратии озмоишгоҳҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, анҷом медиҳад;

- аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтӣ, корхонаҳо ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти дорои таъиноти табобатию профилактикӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва маводи ороишию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, аз ҷумла

намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолкунанда ва шаҳрвандони хориҷиро, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, анҷом медиҳад;

- санҷишҳои назоратӣ дар муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ, нуқтаҳои фурўш, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба иҷрои тартиб ва қоидаҳои нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, тақсимот, истеҳсол ва фурўши маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои таъсири табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдаконаро ташкил ва мегузаронад;

- санҷишҳои назоратии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба риояи тартиб ва қоидаҳои воридот ва содирот, нигоҳдорӣ ва тақсимоти ёрии башардўстонаи маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо; молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридоштаро мегузаронад;

- назорати давлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла талабот оид ба бастабандӣ ва тамғагузории маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридошта анҷом медиҳад;

- назорати давлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, оид ба иҷро гардидани амрномаҳои Хадамот доир ба бартараф кардани қонуншиканиҳо ва беҳтар намудани сифат, пешгирӣ намудани истеҳсол ва фурўши маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридошта, ки ба талаботи стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўй нестанд, амалӣ менамояд;

- ҳайат ва низомномаи кумитаҳои фармаконӣ ва фармакологиро тасдиқ менамояд;

- таҳия ва нашри Фармакопеяи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

- озмоиши токлиникӣ ва клиникии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи тиббии дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ташкил менамояд;

- экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ташкил ва амалӣ менамояд;

- назорати давлатӣ ва санҷиши истифодаи мақсадноки маводи доруворӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, молҳои таббии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дастрасшударо ташкил менамояд;

- санҷиши фаъолияти базаҳои тадқиқотӣ ҳангоми тадқиқоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, ки хусусияти табобатӣ-пешгирӣ доранд, дар шароити клиникӣ, инчунин гузаронидани озмоишҳои токлиникии маводи нави доруворӣ ва молҳои тиббиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- санҷиши (пешакӣ, минбаъда, интихобӣ, арбитражӣ) сифати маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдаконаро амалӣ менамояд;

- назорат, бақайдгирӣ, сертификатсиякунонӣ ва амалҳои дигаре, ки ба муомилоти маводи дорувории нашъадор, маводи дорувории сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои он, моддаҳои заҳрнок ва реактивҳои ташхисӣ вобаста мебошад, анҷом медиҳад;

- сертификатсиякунонӣ, бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии ғизои мақсаднокро ташкил ва амалӣ менамояд;

- санҷиши назоратии таҳвилгарони хориҷӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравишон, аз ҷумла хориҷӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдаконаро дар асоси созишнома ва шартномаҳои дутарафа ташкил ва амалӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳангоми воридоту содирот ва пеш аз фурўш додани сертификати мутобиқат ва хулосаи сифати маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдаконаро медиҳад;

- тартиби гузаронидан ва муҳлати ҳамаи давраҳои озмоишҳои токлиникӣ ва клиникӣ, бақайдгирии давлатӣ, реклама, озмоиши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, сертификатсия, арзиш ва маблағгузории онҳоро муайян намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ назорати риояи онҳоро амалӣ менамояд;

- фаъолияти мақомоти давлатии экспертии машваратиро (шуроҳо, комиссияҳо ва гурўҳҳоро) дар соҳаҳои муқарраршуда ташкил менамояд;

- кормандони соҳаи тибро дар асоси шартнома бо иттилооти касбии фармасевтӣ таъмин менамояд;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);

- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);

- ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272).

3. ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ

6. Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда чунин ҳуқуқҳо дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар тамоми муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки бо фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоӣ машғуланд, назорати фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоиро анҷом диҳад;

- дар доираи ваколати худ барои баррасӣ намудани масъалаҳо шўроҳоро (комиссияҳо, гурўҳҳои кориро), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;

- аз таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ пешниҳод намудани шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳои тандурустиро талаб намояд;

- оид ба манъи ба роҳ мондани хизматрасониҳои хатарноки тиббӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чораҳо андешад;

- оид ба пурра ва ё қисман манъ намудани (боздоштани) равандҳои расонидани кумакҳои тиббӣ, инчунин бозпас хондани иҷозатномаҳо барои фаъолияти тиббӣ чораҳо андешад;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкориҳои байналмилалиро амалӣ намояд;

- муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои иҷро накардани уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, ҳамчунин сари вақт иҷро накардани амрномаҳои Хадамот тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ маълумоти заруриро гирад;

- фаъолияти машваратӣ, таълимӣ ва шаклҳои дигари фаъолиятро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад;

- дар доираи ваколатҳои Хадамот метавонад семинар, маҷлис ва конференсияҳо гузаронад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ коршиносону машваратчиёни заруриро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои идоравиро содир намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бемамоният ва дар ҳар маврид дар тамоми муассиса, ташкилот ва дигар корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин дар ташкилотҳои байналмилалӣ назорати сифат ва амнияти маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдакона гузаронад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ намунаҳои маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдаконаро барои гузаронидани озмоиши сифат аз ҳисоби муассиса, ташкилот ва дигар корхонаҳо ба таври ройгон гирад;

- ҳангоми назорати ташкилотҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва дигар корхонаҳо, маводи дорувории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифтанашуда, агар ин баҳри пешгирии хатар ба саломатии аҳолӣ зарур бошад ва ё агар воситаҳои доруворӣ тибқи нишондодашон фоидаовар нестанд, ё сифати воситаҳои доруворӣ ба талаботи стандарти амалкунанда ҷавобгў набошад, ё муҳлати истифодаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ гузашта бошад ва ё воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббии қалбакӣ бошанд ва сертификати мутобиқати сифат надошта бошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилот гирад ва бо иштироки комиссияи босалоҳият сўзонад;

- истеҳсол, ҳамлу нақл ва муомилоти маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии дорои хусусияти табобатию пешгириеро, ки ба қайд гирифта нашудаанд, барои истифода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст ё дар суратӣ набудани ҳуҷҷатҳои меъёрии мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тасдиқшуда ва сертификати мутобиқат ба он боздорад ва манъ намояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди мурофиаи парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ анҷом диҳад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, инчунин хадамоти озмоишгоҳҳои соҳаи фармасевтиро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки талаботи қонунгузориро вобаста ба ҳифзи саломатии аҳолӣ риоя намекунанд, боздорад;

- барои қабули қарорҳое, ки ба салоҳияти Хадамот мансубанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маълумоти заруриро талаб намуда гирад;

- маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдаконаро, ки сертификати мутобиқат ё хулосаи ташхис надоранд ва ба талаботи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, аз муомилот гирад;

- барои гузаронидани санҷиш нусхаҳои ҳуҷҷатҳои заруриро гирад;

- ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда, ҷиҳати роҳ надодани онҳо ба амалӣ намудани фаъолияти фармасевтӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

- барои рекламаи маводи доруворӣ, маводи ороишӣ, ки хусусияти табобатӣ доранд, хулосаи асоснокро ба мақоми ваколатдор дар соҳаи реклама пешниҳод намояд;

- назорати рекламаи маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдакона доранд, ба амал мебарорад;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои маҳдудкунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирикуниро ҷиҳати роҳ надодан ва ё барҳам додани оқибатҳои вайронкунии талаботи ҳаттии фаъолияти соҳаҳои муқарраргардида аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ намояд;

- ба муассисаю ташкилотҳо, дорухонаҳо ва дигар корхонаҳои табобатию пешгирие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалию хориҷӣ, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва камбудиҳои ҳангоми санҷиш ошкоргардида дастур ва амрнома диҳад;

- чорабиниҳоро оид ба тайёр намудан, таҷрибаомўзӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои Хадамот ва дигар муассисаҳои фармасевтӣ амалӣ намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаҳои зкспертиза, стандарткунонӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кўдакона; инчунин такмили ихтисоси мутахассисон анҷом диҳад;

- фаъолияти намояндагиҳои тиббии ташкилотҳои фармасевтии дохилӣ ва хориҷии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбударо назорат кунад;

- корҳоро оид ба тарҷума, таҳлиду такмили ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ташкил ва амалӣ намояд;

- гирифтани маълумотро аз муассисаю ташкилотҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон, оид ба самаранокӣ ва бехатари (таъсири иловагӣ) маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ташкил намояд;

- иттилооти заруриро оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ дар байни кормандони муассисаю ташкилотҳои фармасевтӣ ва табобатию профилактикӣ, инчунин истеҳсолкунандагон паҳн намояд;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор пешгирӣ ва муборизаро ба муқобили паҳншавии сўиистеъмоли маводи дорувории нашъадори дорои моддаҳои психотропӣ ва моддаҳои сахттаъсир амалӣ намояд;

-   хориҷ карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);

- барои баррасии масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Хадамот шўроҳо (комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;

-  хориҷ карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);

- қоидаҳои санҷишҳои фарогири нақшавӣ ва ғайринақшавӣ, аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ), фармасевтӣ, корхона ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти табобатию профилактикӣ, маводи ороишию гигиениро таҳия менамояд ва бо мақсади арзёбии мутобиқати онҳо ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои мазкурро анҷом медиҳад;

-   хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);

- бо тартиби муқаррарнамуда барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолияти муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272).

-   хориҷ карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272).

4. УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТ

7. Хадамот дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

- дар рафти чорабиниҳои назоратӣ дар байни таҳвилгарони хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фармасевтӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои амалкунандаи соҳавӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳад;

- тартиби гузаронидан ва ба расмият даровардани чорабиниҳои назорати давлатии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо риоя намояд;

- оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои назорати давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои вайрон кардани талабот чораҳо андешад;

- назорати иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ, фармасевтӣ ва иҷтимоӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, амалӣ созад;

- бевосита ё бо супориши роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз муносибати дағалонаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, норозигӣ аз сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фармасевтӣ бармеоянд, тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ карор диҳад.

5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ

8. Ба Хадамот сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

9. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад,

10. Сардор ду муовин, аз ҷумла муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

11. Сохтори дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти он аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.

12. Сардори Хадамот:

- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;

- уҳдадориҳоро байни муовинони худ ва сардорони воҳидҳои сохторни дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамот ҷудогардида ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;

- низомномаҳои муассисаю ташкилотҳо ва оинномаҳои корхонаҳои системаи Хадамотро тасдиқ мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супоришҳоро, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошад, қабул мекунад;

- дар асоси фонди музди меҳнат ва сохтори таъсиснамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати вазифаҳои Хадамот ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Хадамотро дар доираи маблағгузории дахлдор, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамотро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;

- хориҷ карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;

- истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин намуда, ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;

- аз мақомот ва муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои дигари тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти лозимаро мегирад;

- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро барои Хадамот анҷом медиҳад.

13. Маблағгузории дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

14. Хадамот дар фаъолияти худ ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

15. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳои идоравӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

16. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кўчаи Алишер Навоӣ, 5/5.

 

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2017, № 597

тасдиқ шудааст

 

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Роҳбарият

Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272)

Шуъбаи муҳосибот

Шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус

Шуъбаи умумӣ ва назорат

Бахши итхилоот, таҳлил ва омор

 

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2017, № 597

тасдиқ шудааст

 

Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии тандурусхгӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дастгоҳи марказӣ

Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд

Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон

Раёсати Хадамот дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Раёсати Хадамот дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон

 

Замимаи 4

Бо қарори Хукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2017, № 597

тасдиқ шудааст

Номгўи муассиса ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ"

хориҷ карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272)

Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон"

 

Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

-Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

-Шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо

-Шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиенӣ

-Шуъбаи назорати фармакологии маводи дорувори

-Шуъбаи бақайдгирии маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ

-Шуъбаи аккредитатсия ва назорати намояндагиҳои тиббӣ

-Шуъбаи омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содиротӣ

Замимаи 1

Бо фармоиши Хадамоти назорати
давлатии тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз «___»
ноябри соли 2020 №__ тасдиқ шудааст

Низомномаи сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд – Низомномаи сарраёсат) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 тасдиқ гардидааст, таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд – сарраёсат)-ро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти сарраёсат ба танзим медарорад.

2. Сарраёсат воҳиди сохтории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, инчунин Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.

3. Сарраёсат таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Сардори Хадамот) фаъолият менамояд.

4. Сарраёсатро сардори сарраёсат, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.

5. Ба ҳайати сарраёсат мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ шомиланд, ки номгўи онҳо дар басти вазифаҳо, ки аз ҷониби Сардори Хадамоти тасдиқ гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.

6. Сарраёсат дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдошта ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо онҳо мувофиқа мекунад.

7. Сарраёсат шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди таъминкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти Хадамот дар масъалаҳои назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ САРРАЁСАТ

8. Низомномаи сарраёсат, сохтор ва басти воҳидҳои кориро дар доираи лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, Сардори Хадамот тасдиқ мекунад.

9. Сарраёсат аз сардори сарраёсат, сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон иборат мебошад.

10. Сардори сарраёсат, сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби Сардори Хадамот ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешаванд.

11. Бастани шартномаи меҳнатӣ бо хизматчиёни давлатии сарраёсат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

12. Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи ичтимоии давлатӣ, таъминоти моддию техникӣ, тиббӣ, иҷтимоию маишӣ ва таъминоти дигари хизматчиёни давлатии сарраёсат бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ САРРАЁСАТ

13. Сарраёсат назорати давлатии фаъолияти тиббию ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

14. Таъмин намудани ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро барои гирифтани кўмакҳои тиббию беҳдоштӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва сифатҳои аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда.

15. Назорати фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16. Бо тартиби муқарраргардида татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро бобати таъмини сифати дахлдори хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд, таъмин менамояд.

17. Қоидаҳои санҷишҳои фарогири нақшавӣ ва ғайринақшавӣ, аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷиш, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертафикатсионӣ) ва хизматрасониҳои иҷтимоии аҳолиро тибқи тартиби муқаррагардида таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

18. Бо мақсади арзёбии мутобиқати муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавиро анҷом медиҳад;

19. Бо супориши Сардори Хадамот ариза ва муроҷиати шаҳрвандонро, ки аз муносибати дағалонаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, норозигӣ аз сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

20. Дар рафти чорабиниҳо оид ба назорат ба таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои амалкунандаи соҳавӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳад.

21. Дар таҳияи стандартҳо ҷиҳати расонидани кўмакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории Хадамот ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.

22. Дар доираи фаъолияти худ дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамот бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ҳамкорӣ менамояд.

23. Ба сифати хизматрасониҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки расонидани кўмаки тиббию беҳдоштиро ба шаҳрвандон амалӣ месозанд, новобаста аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва самти фаъолият, назорат менамояд.

24. Сифати хизматрасониҳои ташхисиро (озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхиси вазифавӣ, томографи компютерӣ, томографи магнитии резонансӣ, ташхиси фаросавтӣ, рентгенӣ ва ғайра) назорат менамояд.

25. Ҷиҳати бартараф намудани номутобиқатиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, ки ҳангоми санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсия ошкор карда шуданд, барои пешниҳоди тавсия ва амрнома ба Сардори Хадамот таклиф манзур менамояд.

26. Татбиқи назорати тафтишотиро ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва амрномаҳои Хадамот ва сохторҳои тибқи нақшаи идоракунии Хадамот тасдиқшуда, аз рўи натиҷаҳои санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ, ҳамоҳанг месозад.

27. Барои тайёр намудани хулосаҳои кўтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати татбиқи меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи пешниҳод намудани кўмакҳои тиббию беҳдоштӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҳамчунин талаботҳои стандартҳои дар ҷумҳурӣ қабулгардидачораҳо меандешад.

28. Ба роҳбарияти Хадамот оид ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба шаҳрвандон таклифҳо пешниҳод менамояд.

29. Назоратро аз болои фаъолияти шўроҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, комиссияҳои машваратию тиббӣ, кумитаҳо оид ба сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва комиссияҳои таҳлили марганҷомӣ ба роҳ мемонад.

30. Феҳристи муассисаҳои аккредитатсияшудаи тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, хуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсиякунонӣ) пеш мебарад.

31. Феҳристи муассисаҳои ҳуқуқи гузаронидани тадқиқоти клиникӣ доштаро пеш мебарад.

32. Шахсони манфиатдор ва истифодабарандагони эҳтимолии хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бевосита ё тавассути васоити ахбори умум дар бораи хизматрасониҳои хатарноки тиббӣ ва иҷтимоӣ ва маҳсулоти фармасевтӣ хабардор менамояд.

33. Назорати дурусти таъмин ва пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ва кўмакпулиҳои иҷтимоии унвониро ба оилаҳои камбизоат, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин назорати фаъолияти марбутаи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро анҷом медиҳад.

34. Назорати фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро, ки ба расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (маъюбон, шахсони яккаю танҳо ва бепарастор) машғуланд, ба роҳ мемонанд.

35. Аз мақомот ва муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои дигар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти лозимаро мегирад.

36. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор.

37. Таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи дахлдор.

38. Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:

- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳо.

39. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.

40. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.

41. Омода намудани маърўзаҳо, ҳисоботи Сардори Хадамот ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳо ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо.

42. Иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар якҷоягӣ бо сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамот.

43. Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамот ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо дар сатҳи шуъба.

4. ҲУҚУҚҲОИ САРРАЁСАТ

45. Сарраёсат ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар тамоми муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки бо фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоӣ машғуланд, назорати фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоиро анҷом диҳад;

- дар мувофиқа бо Сардори Хадамот барои баррасӣ намудани масъалаҳо шўроҳоро (комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, ташкил намояд;

- аз таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ пешниҳод намудани шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳои тандурустиро талаб намояд;

- оид ба манъи ба роҳ мондани хизматрасониҳои хатарноки тиббӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чораҳо андешад;

- оид ба пурра ва ё қисман манъ (қатъ) намудани равандҳои расонидани кўмакҳои тиббӣ, инчунин бозпас хондани иҷозатномаҳо барои фаъолияти тиббӣ чораҳо андешад;

- нисбат ба муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои назорати давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои вайрон намудани талабот,барои иҷро накардани ўҳдадориҳои ба зимаи онҳо гузошташуда, ҳамчунин сари вақт иҷро накардани амрномаҳои Хадамоттибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;

- тибқи тартиби муқарраргардида аз вазоратҳо, муассиса ва ташкилотҳо барои иҷрои вазифаҳои худ маълумоти заруриро гирад;

- фаъолиятҳои машваратӣ, таълимӣ ва дигар шаклҳои фаъолиятро, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нестанд, анҷом диҳад,инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ мегузаронанд, иштирок намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида коршиносону машваратчиёни берунаро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;

- аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни мақоми давлатӣ, сохторҳои системаи он оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти соҳа мутобиқи тартиби муқарраргардида маълумот дархост намояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо Сардори Хадамот барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи сарраёсат вогузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани санҷиш ва ҷамбасти ҳисобот ҷалб намояд.

46. Сарраёсат дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

47. Ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулияти сардори сарраёсат ва хизматчиёни давлатии сарраёсат дар дастурамалҳои мансабӣ, ки аз ҷониби Сардори Хадамот тасдиқ карда мешаванд, пешбинӣ мегарданд.

48. Масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи сарраёсат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

-Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳоли

-Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонави

-Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари

-Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ

Дар бораи сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Мутобиқи қисми 2 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, №579 «Дар бораи Дастури методӣ оид ба таҳияи низомномаҳои дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории он ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ» ва сархати 4 банди 12 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 тасдиқ гардидааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Низомномаҳои сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, воҳидҳои сохтори ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-42).

2. Тибқи тартиби муқарраргардида нусхаҳои Низомномаҳо ба сардори сарраёсат ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он ва нусхаҳои дастурамалҳои мансабӣ ба ҳар як хизматчии давлатии сарраёсат барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва ба шуъбаи ҳуқуқ, кардҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи марказии Хадамот барои истифодаи хизматӣ супорида шаванд.

3. Фаъолияти минбаъдаи хизматчиёни давлатии сарраёсат тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаҳо ва дастурамалҳои мансабии мазкур ба роҳ монда шаванд.

4. Фармоиши Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 7 марти соли 2018, №12 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаҳои сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва сохтори марказии он», фармоиши Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 7 марти соли 2018, №13 «Дар бораи тасдиқ намудани дастурамалҳои шуъба ва бахшҳои сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ» ва фармоиши Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 15 октябри соли 2019, №26 «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба баъзе фармоишҳои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» аз эътибор соқит дониста шаванд.

СардорС. Бекмуродзода