Ф.И.О
Сардори шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении сарраёсати назорати давлати фаъолияти фармасевтии Хадамот. 
Почтаи электронӣ: example@gmail.com
Тел.: +992 (37)
Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com
ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот.
Назорати давлатии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, мағозаҳо, нуқтаҳои савдо ва анборҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба истеҳсол ва муомилоти маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона.
Назорати давлатии фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон оид ба масъалаҳои истеҳсол, воридот, содирот, назорати сифат, нигоҳдорӣ, фуруш ва истифодабарии маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона.
Мутобиқи фармоиши Сардори Хадамот маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона, ки ба талаботи санитарию гигиенӣ, стандартонӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд аз муомилот гирад.
Бо тартиби муқараргардида барои таҳия ва тасдиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки муомилоти чаккана ва яклухти маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдаконаро ба танзим медарорад, хулосаҳои худро пешниҳод менамояд.
Тартиб додани санад оид ба анҷом додани таҳқиқи бино барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ташкилотҳои байналмиллие, ки фаъолияти худро дар соҳаи муомилоти қонунии маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдаконаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.
Иштирок намудан дар семинарҳо ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ дар соҳаи муомилоти маводи ороишию гигиенӣ.
Гузаронидани назорати давлатии сифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ, анборҳо, мағозаҳо ва нуқтаҳои савдои маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон оид ба иҷрои тартиб ва қоидаҳои нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, тақсимот, воридот, содирот, назорати сифат ва фуруши воситаҳои ороишию гигиенӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона.
Гузаронидани назорати давлатии сифат дар фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон, инчунин ташкилотҳои байналмиллалӣ оид ба иҷрои тартиб ва қоидаҳои воридот ва содирот, нигоҳдорӣ ва фуруши маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона.
Назорати давлатии сифат дар фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муомилоти чаккана ва яклухти маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон оид ба риоя гардидани талаботи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Санҷиши назорати таҳвилгарони хориҷи, корхонаҳои истеҳсолкунанда, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон, аз ҷумла ширкатҳои хориҷӣ, ҳангоми бақайдгирии маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона дар асоси созишнома ва шартномаҳои дутарафа.
Намунаҳои маводи санитарию гигиенӣ, маводи воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдаконаро барои гузаронидани таҳлили (озмоиши) сифат бо тартиби муқарраршуда, аз ҳисоби корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ройгон гирад.
Ҳангоми назорати мағозаю анборҳо, ташкилоту муассисаҳо ва нуқтаҳои савдои маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдаконаи ба қайди давлатӣ гирифта нашуда бошанд ё барои пешгири намудани зиёни саломатии аҳолӣ зарур бошад, ин маводҳои санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдаконаи нишондодашон судманд набошад, ё сифати маводҳо ба талаботи стандартҳои муқарраршуда, ҷавобгуй набошад, ё муҳлати нишондодашудаи коршоямии маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона ба охир расида бошад ва ё онҳо қалбақӣ бошанд, бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозпас гирад.
Иштирок дар безарар гардонӣ ва нобуд кардани маводҳои ороишию гигиенӣ, ки муҳлати истифодабариашон гузашта, қалабакӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури комиссияи босалоҳият.
Истеҳсол, ҳамлу нақл ва муомилоти маводи ороишию гигиенӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ва ё иҷозат дода нашудаанд ё ҳуҷҷатҳои меъёриашон мувофиқи тартиби муқарраргардида, тасдиқ карда нашудаанд ё сертификати мутобиқат надоранд ба Сардори Хадамот маълумот пешниҳод намояд.
Маводи санитарию гигиенӣ, воситаҳои ороишӣ ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона, ки сертификати мутобиқат ё хулосаи ташхис надоранд ва ба талаботи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд аз муомилот гирад.
Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.
Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба сардори сарраёсат дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.

