Ф.И.О
Сардори Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии сарраёсати назорати давлати фаъолияти тиббии Хадамот.
Почтаи электронӣ: example@gmail.com
Тел.: +992 (37)
Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com
ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот).
Назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ғайридавлатӣ.
Таъмин намудани ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро барои гирифтани кўмакҳои тиббию беҳдоштӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва сифатҳои аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда.
Назорати фаъолияти муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ (субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, косметологӣ ва тибби халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси тандурустӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст) оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бемамоният ва дар ҳар маврид дар тамоми муассиса, ташкилот ва дигар корхонаҳои ғайридавлатӣ, инчунин дар ташкилотҳои байналмилалӣ назорати сифати хизматрасонии тиббиро гузаронад.
Бо тартиби муқарраргардида татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро бобати таъмини сифати дахлдори хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ анҷом дода мешаванд, таъмин менамояд.
Бо мақсади арзёбии мутобиқати муассисаҳои муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳоро анҷом медиҳад.
Бо супориши Сардори Хадамот ариза ва муроҷиати шаҳрвандонро, ки аз муносибати дағалонаи кормандони муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ аҳолӣ, норозигӣ аз сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар рафти чорабиниҳо оид ба назорат ба таъминкунандагон ҷиҳати риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои амалкунандаи соҳавӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳад.
Дар таҳияи стандартҳо ҷиҳати расонидани кўмакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории Хадамот ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.
Дар доираи фаъолияти худ дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамот бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ҳамкорӣ менамояд.
Ба сифати хизматрасониҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки расонидани кўмаки тиббию беҳдоштиро ба шаҳрвандон амалӣ месозанд назорат менамояд.
Сифати хизматрасониҳои ташхисиро (озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхиси вазифавӣ, томографи компютерӣ, томографи магнитии резонансӣ, ташхиси фаросавтӣ, рентгенӣ ва ғайра) дар муассисаҳои хусусии тиббӣ назорат менамояд.
Ҷиҳати бартараф намудани номутобиқатиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ, ки ҳангоми санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсия ошкор карда шуданд, барои пешниҳоди тавсия ва амрнома ба Сардори Хадамот таклиф манзур менамояд.
Татбиқи назорати санҷишро ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва амрномаҳои Хадамот ва сохторҳои тибқи нақшаи идоракунии Хадамот тасдиқшуда, аз рўи натиҷаҳои санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ, ҳамоҳанг месозад.
Барои тайёр намудани хулосаҳои кўтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати татбиқи меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи пешниҳод намудани кўмакҳои тиббию беҳдоштӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҳамчунин талаботҳои стандартҳои дар ҷумҳурӣ қабулгардида чораҳо меандешад.
Ба роҳбарияти Хадамот оид ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба шаҳрвандон таклифҳо пешниҳод менамояд.
Феҳристи муассисаҳои аккредитатсияшудаи тандурустиро (муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ) пеш мебарад.
Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Сардори Хадамот.
Иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор.
Таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи дахлдор.
Тибқи меъёрҳои муқарраргардида гузаронидани экспертизаи ҳуҷраҳо, марказҳо, озмоишгоҳҳои ғайридавлатиро барои машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ хусуси ва пешниҳод намудани хулоса ба комиссияи иҷозатномадиҳи фаъолияти тиббӣ хусусии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он;
- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.
Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.
Омода намудани маърўзаҳо, ҳисоботи сардори сарраёсат ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳо ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо.
Иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар якҷоягӣ бо сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамот.
Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамот ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул ва назорати иҷрои онҳо.
Тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба сардори сарраёсат пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳаи шуъба.

