Шуъбаи бақайдгирии маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ

Ф.И.О 

Сардори шуъбаи бақайдгирии маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббии сарраёсати назорати давлати фаъолияти фармасевтии Хадамот. 

Почтаи электронӣ: example@gmail.com

Тел.: +992 (37)

Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com

ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА

Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот.

Бақайдгирии давлатии маҳсулотҳои фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла маводҳои доруворӣ, ашёи хоми доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ, маҳсулоти санитарию гигиенӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, иловагиҳои ғизоӣ, ғизои таъинотӣ, маводҳои ташхисӣ ва ороишии истеҳсоли мамлакатҳои хориҷи дур, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ватанӣ.

Ба дархосткунандагон (аризадиҳандагон) равон намудани мактубу дархостҳо оиди нопурра будани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ.

Барасмиятдарории шартномаҳо оиди экспертизаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва ҳангоми зарурат хизматрасонии экспертӣ.

Пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ба шуъбаи стандартонии маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббии Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ”-и Хадамот ва ба шуъбаи ташхиси токлиникӣ ва клиникии ҳуҷҷатҳои маҳсулотҳои фармасевтӣ ва молҳои тиббии Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ”-и Хадамот барои хулосабандӣ.

Дар ҳолатҳои зарурӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ба кумитаҳои фармакологӣ ва фармакопӣ.

Таҳлили хулосаи экспертӣ ва даъват намудани ҷаласаи экспертӣ.

Бақайдгирии давлатӣ ва ташкили феҳристи давлатии маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ.

Таҳияи аснодҳои меъёрию техникие, ки системаи экспертиза ва бақайдгириро муайян менамоянд.

Амалӣ намудани корҳои илмӣ-методие, ки ба такмил додани соҳаи бақайдгирӣ равона карда шудаанд.