Ф.И.О
Сардори шуъбаи омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содиротии сарраёсати назорати давлати фаъолияти фармасевтии Хадамот. 
Почтаи электронӣ: example@gmail.com
Тел.: +992 (37)
Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com
ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот.
Шуъба тибқи тартиби муқарарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодасозӣ, барасмиятдарорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи санитарию гигиенӣ ва воситаҳои ороишӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, обҳои минералии дорои таъсири табобатию пешгиридошта, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Шуъбаи омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот вобаста ба мақсадҳои ба ў вогузошта вазифаҳои зеринро иҷро менамояд.
Бо тартиби муайяншуда танзими давлатии фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот дода мешавад ба амал мебарорад.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намудани корҳои омодасози, барасмиятдарори ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи санитарию гигиенӣ ва воситаҳои ороишии дорои хусусиятӣ табобатию пешгири обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисию ғизои кўдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намудани корҳои омодасозӣ, барасмиятдарорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридот ва содироти иловаҳои фаъоли биологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи санитарию эпидемиологӣ.
Назорати иҷроиши талаботҳои қонунгузорӣ оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот ҳангоми дида баромадани аризаҳо ва додани рухсатномаҳо.
Дида баромадан ва қабул намудани ҳуҷҷатҳо дар сатҳи шуъба ва бо воситаи Хадамот ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ариза ва шикоятҳое, ки ба фаъолияти шуъба вобастагӣ доранд, инчунин қабули шаҳрвандон оид ба чунин масъалаҳо.
Назоратии муассисаҳои фармасевтӣ ва тиббӣ, заводҳои истеҳсолкунанда, ҳангоми додани рухсатномаи воридоту содироти маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маводҳои ороишӣ дар асоси созишнома ва шартномаҳои дутарафа бо супориши Сардори Хадамот.
Ҳангоми воридоту содироти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи санитарию гигиенӣ ва воситаҳои ороишии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисию ғизои кўдакона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани намунаҳои маводҳоро барои аз ташхис гузаронидан равона месозад.
Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.
Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба сардори сарраёсат дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.

