Ф.И.О
Сардори шуъбаи аккредитатсия ва назорати намояндагиҳои тиббии сарраёсати назорати давлати фаъолияти фармасевтии Хадамот. 
Почтаи электронӣ: example@gmail.com
Тел.: +992 (37)
Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com
ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот.
Гузаронидани аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтӣ, корхонаҳо ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти табобатию профилактикӣ, маводи ороишию гигиенӣ, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникӣ.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамударо барои баррасӣ қабул намуда ба комиссияи аккредитатсионӣ пешниҳод менамояд. Шуъба ба аризадиҳанда оид ба натиҷаҳои санҷиши аснод ва муҳлати гузаронидани санҷиши бинои аризадиҳанда ва комиссияи аккредитатсионӣ хабар мерасонад.
Барасмиятдарорӣ, қайд ва додани шаҳодатномаи аккредитатсионии муассисаҳои фармасевтӣ ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти табобатию профилактикӣ, маводи ороишию гигиенӣ, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевти дохилию хориҷӣ, рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникии аккредитатсияшударо ба роҳ мондан.
Ба роҳбарони муассисаҳои фармасевтӣ, корхона ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти табобатию профилактикӣ, маводи ороишию гигиенӣ, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникӣ оид ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои гузаронидани аккредитатсия маслиҳат додан.
Ҳуҷҷатҳои муассисаҳои фармасевтӣ, корхона ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти табобатию профилактикӣ, маводи ороишию гигиенӣ, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷӣ, рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникии аккредитатсияшавандаро ба комиссияи аккредитатсионӣ пешниҳод намуда, баъди хулосаи мусбии он барои тасдиқ намудан ба сардори Хадамот пешниҳод намудан.
Назорати фаъолият ва қабул намудани ҳисоботҳои намояндагони тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дигар муассисаҳои табобатие, ки ба муолиҷа машғуланд (санаторияҳо, пансионатҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра) новобаста аз шакли моликияташон ва тобеияти идоравиашон.
Таҳсин (маъқулдонӣ)-и мавзуъҳои семинар, презентатсияҳо ва мизҳои мудаввар.
Аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтӣ, намояндагиҳои тиббӣ ва озмоишҳои воситаҳои клиникиро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 2 августи соли 2011, №751.
Ҳангоми ба талаботи стандарт ҷавобгуй набудани ҳуҷҷатҳои аккредитатсионӣ, шуъба вазифадор аст ба раиси комиссия хабар расонад ва лоиҳаи қароро дар бораи пеш аз муҳлат бекор намудан парвандаро пешниҳод намояд. Қарор оид ба бекор кардани парванда ба комиссияи аккредитатсионӣ пешниҳод менамояд.
Таҳлили ҳуҷҷатҳои муассисаҳои фармасевтӣ, корхона ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти табобатию профилактикӣ, маводи ороишию гигиенӣ, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, намояндаҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникро, ки ҳангоми гузаронидани аккредитатсия пешниҳод мешаванд, амалӣ намудан.
Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.
Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба сардори сарраёсат дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.

