Ф.И.О
Сардори шуъбаи назорати фармакологии маводи дорувории Сарраёсати назорати давлати фаъолияти фармасевтии Хадамот.
Тел.: +992 (37) 2-50-35-33
Почтаи электронӣ шуъбаи фармакологӣ: pharmnadzor2021@gmail.com
ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот.
1. Сари вақт иҷро намудани масъалаҳои оид ба воқеияти хулосаҳо дар бораи гузаронидани мониторингҳо ва назорати фамакологӣ нисбати таъсири иловагиҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва тобеияти идоравиашон.
2. Гирифтани ҳисоботҳои кварталӣ (3 моҳа, 6 моҳа, 9 моҳа ва солона) оид ба таъсири иловагӣ ва ё бесамара будани таъсири маводи доруворӣ, таъсири манфии таҷҳизоти тиббӣ аз муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ, намояндагони тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷӣ ва дигар муассисаҳои табобатие (санаторияҳо, пансионатҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра), ки барои муолиҷа ва фаъолияти фармасевтӣ машғуланд.
3. Таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таҳияи маълумотҳо нисбати таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ.
4. Пешниҳоди натиҷаҳои маълумотҳо оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мушахас барои дида баромадан ба Сардори Хадамот.
5. Тайёр намудани ҳисобот ва маълумотҳо оид ба таъсири иловагии маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба зерсохторҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва пешниҳоди маълумотҳо ба ширкати истеҳсолкунандаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ.
6. Баррасии масъалаҳо оид ба мувақатан манъ намудани истифодабарии маводи дорувори дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани хулосаи Хадамот.
7. Таҳлили маълумотҳо оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки аз дигар манбаҳо ворид мешавад.
8. Гузаронидани назорати фармакологӣ ва қабул намудани ҳисоботҳо оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дигар муассисаҳои табобатие, ки ба муолиҷа машғуланд (санаторияҳо, пансионатҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра) новобаста аз шакли моликияташон ва тобеияти идоравиашон ва ҳамчунин ҷаъми маълумотҳо оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Гузаронидани назорати фармакологӣ нисбати таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар базаҳои тадқиқотӣ, ҳангоми тадқиқоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар шароити клиникӣ, озмоишҳои клиникии маводи нави доруворӣ ва молҳои тиббиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
10. Назорати фаъолияти фармакологӣ нисбати таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббии таҳвилгарони хориҷӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаро, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон, аз ҷумла хориҷӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ташкил ва амалӣ менамояд.
11. Баррасии аризаҳо оид ба додани хулосаи рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), дар асоси хулосаҳои экспертӣ.
12. Дар ҳолати қонуни будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида омода намудани ҷавоби мактуби Хадамот оид ба рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ).
13. Тавассути шуъбаҳои дахлдори сарраёсат гирифтани маълумотҳо оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ, намояндагони тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтӣ дохилию хориҷӣ ва дигар муассисаҳои табобатие (санаторияҳо, пансионатҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра), ки барои муолиҷа ва фаъолияти фармасевтӣ машғуланд.
14. Дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои дахлдори сарраёсат паҳн намудани маълумотҳо оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ байни кормандони муассисаҳои фармасевтию табобати профилактикӣ ва дигар муассисаҳои табобатие, ки ба муолиҷа машғуланд (санаторияҳо, пансионатҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра), инчунин истеҳсолкунандагон.
15. Ҳангоми аз нав бақайдгирии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ додани хулоса оид ба таъсири иловагӣ. - маълумотномаи мухтасар оид ба истифодабарӣ, аксуламал, таъсири номатлуб ва судмандии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар.
16. Таҳлили маводҳои таблиғотии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, таҷҳизотҳои дар тиб истифодашаванда, ки дар асоси он додани хулоса дар бораи гузаронидани таблиғот дар воситаҳои ахбори омма.
17. Додани хулосаи фармакологӣ оид ба тартиб додани протоколҳои клиникӣ ва истофодабарии онҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва тобеияти идоравиашон.
18. Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад: - Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.
19. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.
20. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба сардори сарраёсат дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.
21. Назорати фармакологӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дигар муассисаҳои табобатие, ки барои муолиҷа машғуланд (санаторияҳо, пансионатҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра) новобаста аз шакли моликияташон ва тобеияти идоравиашон.
22. Санҷиши назоратии фаъолияти фармакологӣ нисбати таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар базаҳои тадқиқотӣ, ҳангоми тадқиқоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар шароити клиникӣ, озмоишҳои то клиникии маводи нави доруворӣ ва молҳои тиббиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
23. Санҷиши назоратии фаъолияти фармакологӣ нисбати таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббии таҳвилгарони хориҷӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаро, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон, аз ҷумла хориҷӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ташкил ва амалӣ менамояд.
ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШУЪБА
21. Шуъба ҳуқуқ дорад: - бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузори ва дар ҳар маврид бо иҷозати Сардори Хадамот ва сарраёсат дар тамоми муассисаҳои табобатию профилактикӣ навобаста аз шакли моликият ва тобеияти идорашавиашон, корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд гузаронидани мониторингҳо нисбати таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ. - барои боз доштани рекламаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳолати пайдо шудани таъсири иловаҳои манфӣ (аксуамал) ва маълум намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ таклифҳо пешниҳод намояд; - дар ҳамкорӣ бо кормандони корхонаҳои илмию тадқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, ҷамъиятҳои илмӣ, мутахассисони алоҳида дар асоси шартнома, таҳлили ахборотҳоро нисбати таъсири иловагии маводи доруворӣ ба роҳ монад; - бо розигии Сардори Хадамот иштирок намудан дар симпозиумҳо, конференсияҳо, съездҳо, семинарҳо аз он ҷумла семинарҳои байналмилалӣ оид ба назорати фармакологии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ; - бо розигии Сардори Хадамот аз номи Хадамот оид ба масъалаҳои ба шуъба таъалуқдошта намояндагӣ намояд ва ҳамкориро бо корхонаҳои байналмилалӣ нисбати назорати фармакологӣ ба роҳ монад; - дар ҳолати пинҳон намудан ва ё ин ки надодани ахбор оид ба аксуламали иловагӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, аз тарафи ширкатҳои хориҷию ватание, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ворид менамоянд, муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикие, ки ба муолиҷа машғуланд (санаторияҳо, пансионатҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра) новобаста аз шакли моликияташон ва тобеияти идорашавиашон ҳангоми пинҳон намудани аксуламали маводи доруворӣ бо супориши Сардори Хадамот чораҷуи менамояд; - дар кори гурўҳҳо, комиссияи махсус, корҳои базаҳои тадқиқотии назорати давлатии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар клиникаҳои тадқиқотӣ оид ба дуруст пешниҳод кардани маълумотҳо нисбати таъсири иловагии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дохил шаванд; - дар вақти зарурӣ ҳамкориро бо воҳидҳои сохтори ва тобеъии Хадамот ва КВД «Экспертиза ва озмоиши молҳои фармасевтӣ ва тиббӣ»-и Хадамот ба роҳ монад; - аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни давлатии Хадамот, оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти соҳа мутобиқи тартиби муқарраргардида маълумот дархост намояд; - бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо Сардори Хадамот барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамот вогузошта шудааст, аз ҷумла назорати фармакологӣ, гузаронидани мониторинг, ҷамбасти ҳисобот, ҷалб намояд; - бо тартиби муқарраргардида машварату семенарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ мегузаронанд, иштирок намояд; - намунаҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро, дар вақти пайдо шудани шубҳа оиди сифати он, барои гузаронидани таҳлили (озмоиши) сифат бо тартиби муқараршуда, аз ҳисоби муассисаҳои табобатию профилактикӣ, намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолии фармасевтии дохилию хориҷие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд ва ташкилотҳои байналмилалӣ гирад; - Назорати рушди аксуламали номатлуб ва бартараф кардани хавф ҳангоми роҳ додани полипрагмазия ва ё истифодаи беасоси 5 ва зиёда доруҳо, ки аз ҳисоби таъсироти мутақобилаи маводҳои доруворӣ хеле зиёд мешаванд. - Назорати тавсияҳои мустақилона аз тарафи табибон, ки яке аз омилҳои субъективӣ барои сар задани аксуламали номатлуб ҳисоб меёбад. - Муайянкунӣ ва пешгирии аксуламали номатлуби (АН) маводҳои доруворӣ бо усули назорати фаъол бо омӯзиши ҳуҷҷатҳои тиббӣ (корти тиббии бемори бистаришуда, корти тиббии амбулаторӣ ва ғайра), таъиноти духтур ва мусоҳибаи мунтазам бо беморон барои муайян кардани аксуламали номатлуб ҳангоми табобат. Шуъба дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

