Ф.И.О
Сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии сарраёсати назорати давлати фаъолияти фармасевтии Хадамот. 
Почтаи электронӣ: example@gmail.com
Тел.: +992 (37)
Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com
ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот.
Санҷиши фаъолияти фармасевтӣ дар муассисаҳои фармасевтӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ.
Тибқи супориши расмии Сардори Хадамот оид бо ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо барои гузаронидани санҷишҳо дар қисмати кафолати таъмини давлатии аҳолӣ бо маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловаҳои фаъоли биологиро амалӣ менамояд.
Ҳангоми санҷиши муассисаҳои фармасевтӣ бо иҷозати расмии Сардори Хадамот дар ҳолати маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва маводи доруворие, ки сифаташон ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набошад, муҳлати истифодабариашон ба охир расида бошад ва ё онҳо қалбакӣ бошанд аз муомилот бозпас гирад.
Мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2016, №421 тасдиқ шудааст бо супориши расмии Сардори Хадамот пешбурди мурофиаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниро анҷом дода, барои муайян кардани муҷозоти маъмурӣ ба Сардори Хадамот таклифҳо пешниҳод менамояд.
Санҷишҳои фаъолияти фармасевтӣ дар муассисаҳои фармасевтӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба иҷрои қоидаҳои воридот, содирот, нигоҳдории маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологиро амали менамояд.
Назорат ва санҷиши фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон оид ба масъалаҳои истеҳсол, тайёркунӣ, воридот, содирот, санҷиши сифат ва нигоҳдории маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ.
Назорат ва санҷиши муассисаҳои фармасевтӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ оид ба риоя гардидани талаботҳо нисбати бино ва шароити нигоҳдории маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ.
Санҷиши фаъолияти фармасевтии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон оид ба риоя гардидани талаботи стандартҳои давлати ва соҳавӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолият инчунин талабот оид ба бастубандӣ ва тамғагузории маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва иловагиҳои фаъоли биологӣ.
Назорати муомилот (фуруш)-и ашёи хоми доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаҳо, харидорӣ карда мешаванд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар корхонаҳо, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин дар ташкилотҳои байналмиллалӣ санҷиши фаъолияти фармасевтӣ ва молҳои тиббиро амали менамояд.
Дар вақти воридоту содирот гирифтани намунаҳои маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, барои гузаронидани таҳлили (озмоиши) сифат бо тартиби муқарраршуда, аз ҳисоби корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ройгон гирад.
Иштирок намудан дар кори комиссия оид ба сузонидан ва нобуд кардани маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисию ғизои кўдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, қалабакӣ, ба талаботи стандарти ҷавобгуй набуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои боз доштани фаъолият, тибқи тартиби муқараргадида, фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки талаботҳои қонунгузориро вобаста ба ҳифзи саломатии аҳолӣ риоя намекунанд, ба Сардори Хадамот таклифҳо пешниҳод намояд.
Маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ, ки сертификати мутобиқат ё хулосаи ташхис надоранд ва ба талаботи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд аз муомилот гирифта, ба Сардори Хадамот маълумотнома пешниҳод намояд.
Назорат ва санҷиши воридот, нигоҳдошт, сертификатсиякунонӣ, таъинот, тақсимот ва истифодабарии маводҳои оптикӣ.
Дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои дахлдори Хадамот фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии сўиистеъмоли маводи дорувории нашъадор, дорои моддаҳои психотропӣ ва моддаҳои сахттаъсирро дар васоити ахбори омма ва дар байни аҳоли амалӣ менамояд.
Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо иҷозати расмии Сардори Хадамот бо мақомоти зерин ба роҳ мемонад:
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.
Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба сардори сарраёсат дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.

