Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонави.

Ф.И.О 

Сардори Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонавии сарраёсати назорати давлати фаъолияти тиббии Хадамот. 

Почтаи электронӣ: example@gmail.com

Тел.: +992 (37)

Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com

ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА

Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот).
Ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, назорати давлатии фаъолияти тиббиро дар муассисаҳои сохтори беморхонавӣ анҷом медиҳад.
Ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббиро барои гирифтани кўмакҳои тиббӣ дар ҳаҷм ва сифатҳои аз ҷониби қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда таъмин менамояд.
Фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонавиро оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд.
Назорати ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандонро бобати таъмини сифати дахлдорӣ хизматрасониҳои тиббӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ анҷом дода мешаванд, таъмин менамояд.
Таҳияи стандартҳоро ҷиҳати расонидани кўмакҳои тиббӣ дар ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои сохтории сарраёсат ба роҳ мемонад.
Дар доираи фаъолияти худ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ҳамкорӣ менамояд.
Сифати хизматрасониҳои ташхисиро (озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхиси вазифавӣ, томографи компютерӣ, томографи магнитии резонансӣ, ташхиси фаросавтӣ, ренгенӣ ва ғайра) назорат менамояд.
Ҷиҳати бартараф намудани номутобиқатиҳо дар фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонавӣ, ки ҳангоми санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсия ошкор карда шуданд, тавсия ва амрнома пешниҳод менамояд.
Татбиқи назорати тафтишотиро ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва амрномаҳои Хадамот ва сохторҳои тибқи нақшаи идоракунии Хадамот тасдиқшуда, аз рўи натиҷаҳои санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ, ҳамоҳанг месозад.
Тайёр намудани хулосаҳои кўтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати татбиқи меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи пешниҳод намудани кўмакҳои тиббӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҳамчунин талаботҳои стандартҳои дар ҷумҳурӣ қабулгардидаро таъмин менамояд.
Барои баррасӣ ба сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба шаҳрвандон расонидашаванда таклифҳо пешниҳод менамояд.
Назоратро аз болои фаъолияти шўроҳои тиббии муассисаҳои сохтори беморхонавӣ, комиссияҳои машваратию тиббӣ, кумитаҳо оид ба сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва комиссияҳои таҳлили марганҷомӣ ба роҳ мемонад.
Шахсони манфиатдор ва истифодабарандагони эҳтимолии хизматрасониҳои тиббиро тавассути васоити ахбори омма дар бораи хизматрасониҳои хатарнокӣ тиббӣ хабардор менамояд.
Назорати тартиб додани протоколҳои клиникӣ ва истофодабарии онҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва тобеияти идоравиашон.
Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.
Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба Сардори Хадамот дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.
Омода намудани маърўзаҳо, ҳисоботи сардори сарраёсат ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳо ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо.
Иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар якҷоягӣ бо сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамот.
Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамот ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул ва назорати иҷрои онҳо.
Тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба Сардори Хадамот пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳаи шуъба.