Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳоли.

Ф.И.О 

Сардори Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии сарраёсати назорати давлати фаъолияти тиббии Хадамот. 

Почтаи электронӣ: example@gmail.com

Тел.: +992 (37)

Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com

ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот).
Назорати иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва иҷтимоӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, амалӣ созад.
Назорати риояи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» аз 2 декабри соли 2008, №600 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” аз 1 майи соли 2020, №252.
Назорати риояи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ» новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ аз 30 марти соли 2013, №146.
Нозорати таъмини имтиёзҳо ва кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ аз ҷумла назорати расонидани кӯмакҳои ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Назорати дурустии таъйин ва пардохти саривақтии кумакпулиҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоии унвониро ба оилаҳои камбизоат, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин назорати фаъолияти марбутаи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро анҷом медиҳад.
Назорати фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро, ки ба расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (маъюбон, шахсони яккаю танҳо ва бепарастор) машғуланд, ба роҳ мемонад.
Бевосита ё бо супориши роҳбарияти Хадамот муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба норозигӣ аз сифати хизматрасониҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бармеоянд, тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ карор диҳад.
Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор.
Таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи дахлдор.
Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳо.
Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.
Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.
Омода намудани маърӯзаҳо, ҳисоботи сардори сарраёсат ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳо ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо.
Иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар якҷоягӣ бо сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамот.
Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамот ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул ва назорати иҷрои онҳо дар сатҳи шуъба.
Тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба Сардори Хадамот пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳаи шуъба.