Шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо

Ф.И.О 

Сардори шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳои сарраёсати назорати давлати фаъолияти фармасевтии Хадамот. 

Почтаи электронӣ: example@gmail.com

Тел.: +992 (37)

Почтаи электронӣ шуъба: example@gmail.com

ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА

Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот.

Бо мақсади арзёбии мутобиқати муассисаҳои тандурустӣ ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳоро анҷом медиҳад.

Назорат ва санҷиши фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, доир ба муомилоти қонунии маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сахттаъсир ва заҳрнок амали менамояд.

Санҷишҳои назоратӣ дар муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ, нуқтаҳои фурўш, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба иҷрои тартиб ва қоидаҳои нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, тақсимот, истеҳсол ва фурўши маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ташкил ва мегузаронад.

Санҷишҳои назоратии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба риояи тартиб ва қоидаҳои воридот ва содирот, нигоҳдорӣ ва тақсимоти ёрии башардўстонаи маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳорро мегузаронад.

Назорати давлатӣ ва санҷиши истифодаи мақсадноки маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дастрасшударо ташкил менамояд.

Дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор пешгирӣ ва муборизаро ба муқобили паҳншавии сўиистеъмоли маводи дорувории нашъадори дорои моддаҳои психотропӣ ва моддаҳои сахттаъсир амалӣ намояд.

Пешниҳод ва иҷроиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои фаъолияти муомилоти қонунии маводҳои дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, моддаҳои заҳрнок дар муассисаҳои фармасевтӣ, муассисаҳои табобатию профилактики, ташкилотҳои байналмиллалӣ.

Назорат ва санҷиши бозпас гирифтани моддаҳои махсус назорат шаванда, маводҳои дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, моддаҳои заҳрнок барои ташхис дар ҳолати надоштани сертификати сифат ва мутобиқат, ҳамчунин маводҳои ба қайди давлати нагирифта.

Ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва назорати давлатии фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба масъалаҳои истеҳсол, тайёркунӣ, содирот, воридот, санҷиши сифат, нигоҳдорӣ, фурўш ва истифодабарии маводи дорувории махсусназоратшаванда нашъадор, психотропӣ, сахттаъсир, заҳрнок ва прекурсорҳои онҳоро амали менамояд.

Назорат, бақайдгирӣ, сертификатсиякунонӣ ва амалҳои дигаре, ки ба муомилоти маводҳои дорувории махсусназоратшаванда нашъадор, психотропӣ, сахттаъсир, заҳрнок ва прекурсорҳои онҳо, реактивҳои ташхисӣ вобаста мебошад, анҷом медиҳад.!!!

Фаъолияти машваратӣ, таълимӣ ва шаклҳои дигари фаъолиятро, ки конунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад.

Дар доираи ваколатҳои Хадамот бо дигар мақомотҳо метавонад семинар, маҷлис ва конференсияҳо гузаронад.

Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бемамоният ва дар ҳар маврид дар тамоми муассиса, ташкилот ва дигар корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин дар ташкилотҳои байналмилалӣ назорати сифат ва амнияти маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сахттаъсир, заҳрнок, маводи безараркунанда ва реагентҳои ташхисӣ гузаронад.

Иштирок намудaн дар гузаронидани кори комиссияи иҷозатномадиҳии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобатию пешгирӣ, ташкилотҳои фармасевтӣ ва ташкилотҳои байнaлмиллие, ки дар соҳаи муомилоти қонунии маводҳои дорувории нaшъaдор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошанд.

Иштирок ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар семинарҳо ва конференсияҳои Ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ дар соҳaи муомилоти қонунии маводҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо.

Гузаронидани санчишҳои нaзорaтӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ, тaшкилотҳои фaрмaсевтӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба супоридaни ҳисоботи муомилоти қонунии маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо 3-моҳа (квартали) вa солона.

Назорaт ва санҷиши давлатии шaхсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ, муомилоти қонунии маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, моддаҳои заҳрнок машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон оид ба риоя гардидани тaлaботи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқи вобаста ба фаъолият, инчунин талабот оид ба бастубандӣ вa тамғагузории маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, моддаҳои заҳрнок вa прекурсорҳои онҳо.

Назорати дaвлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ мaшғулaнд, новобаста аз шaкли моликият ва тобеъияти идоравиашон оид ба иҷро гардидани амрномаҳои Сaрдори Хадамот доир ба бартараф кардани қонуншиканиҳо, беҳтaр намудани сифати хизматрaсонӣ, пешгири намудани истеҳсол ва фуруши маводи дорувории нашьадор, психотропӣ, моддаҳои сахттаъсир, моддаҳои заҳрнок ва прекурсорҳои онҳо, ки ба талаботи стандартҳои aмалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўй намебошанд роҳ надиҳанд.

Иштирок дар aмалӣ намудани санҷиши фаъолияти базаҳои тадқиқотии маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сaхттaъсир, моддаҳои заҳрнок ва прекурсорҳои онҳо, дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санҷиши назоратии таҳвилгарони хориҷӣ, корхонаҳои истеҳсолкунанда, муассисаҳои фармaсевтии хориҷӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон ҳангоми бақайдгирии маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, моддаҳои заҳрнок ва прекурсорҳои онҳо дар асоси созишнома ва шартномаҳои дутарафа.

Намунаҳои маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттaъсир, моддаҳои заҳрнок барои гузаронидани таҳлили (озмоиши) сифат бо тартиби муқарраршуда, аз ҳисоби корхонаҳо, муассисаҳо ва дигaр ташкилотҳо ройгон гирад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикисон ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбурди мурофиаи парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ анҷом диҳад ва мaъводи муҷозоти маъмуриро тартиб дода, ба Сардори Хадамот бaрои тaтбиқ пешниҳод намояд.

Тибқи тартиби муқaраргардидa, фаъолияти лабораторияҳои муассисaҳои табобатию - профилактикӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, корхонаҳои фармасевтӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки талаботҳои қонунгузориро вобаста ба танзими муомилоти қонунии маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, заҳрнок риоя нагаштан боз дошта шаванд.

Ба Сардори Хадамот ҳангоми oшкop намудани қонуншиканиҳои ҷиддӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти муомилоти қонунии дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо машғулбуда, аз ҷихати роҳ надодани онҳо ба амaли намудани фаъолияти фармасевтӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

Ба дорухонаҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои табобатию пешгирие, ки ба муомилоти маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, заҳрнок машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон, ҷихати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва камбудиҳои ҳангоми санҷиш ошкоргардида, аз номи Сардори Хадамот дaстур пешниҳод намояд.

Қабул намудани ҳисоботҳои чоряки солона аз муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва фармасевтӣ, озмоишгоҳҳо, ташкилотҳои байналмиллалӣ оид ба муомилоти қонунии маводи дорувории нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахтаъсир ва заҳрнок.

Назорaт ва санҷиши прекурсорҳо, реагентҳои ташхисӣ, моддaҳои заҳрнок дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ гузaронад.

Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомотҳои зерин ба роҳ мемонад:

- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ.

Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан.

Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона ба сардори сарраёсат дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намудан.