Ҳамкорони азиз, муҳтарам кормандони соҳаи тандурустии кишвар!
9 сентябр мардуми тоҷик 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ – тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди моро ботантана қайд мекунанд.
Тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар тӯли ду ҳазор соли сипаригаштаи миллодӣ бар сари мардуми тоҷик чӣ бадбахтие наомада буд. Аммо миллати сарбаланди тоҷикро на теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на калламанораҳои Темури Ланг аз азму иродаи истиқлолиятхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии аҷдодӣ шикаста натавонист. То кунун номи шахсони абармард ва пуштибони истиқлолият Шераку Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Темурмалик ва Маҳмуди Торобӣ аз хотири мардуми тоҷик нарафтааст. Дар пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва бақои умри миллат фарзандони дигари фарзонаи он А. Рудакӣ, А. Фирдавсӣ, Ибни Сино, А. Берунӣ, Н. Хусрав, К. Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ ва боз бисёрҳо саҳми босазое гузошта буданд.
Агар ба зӯри силоҳ лашкари аҷнабие бар тахти аҷдодии тоҷикон муваққатан соҳиб шуда бошад ҳам, ӯ хоҳу нохоҳ зери тамаддуни тоҷикон афтода, ночор коргузории давлатиашро бо забони тоҷикӣ пеш мебурду ба низоми идоракунии он такя мекард. Ин қудрати нерӯи илму фарҳанги тоҷикон буд, ки ҳеҷ гуна яроқи аҷнабӣ он корро иҷро кардан наметавонист.
Истиқлолияти тоҷикон нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ алайҳи тоҷикон алоҳида ташаккул ёфта сабзида буд. Бо мурури замон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ истиқлолияти давлатии худро эълон карда буд. Вале, мутаасифона, дар ҷомеа шахсон ва қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифта, ҳадафҳои ғаразноки худро аз манфиатҳои давлатӣ болотар гузошта, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Роҳҳои обод вайрон, купрукҳо таркиданд, хонаҳо сӯхтанд, корхонаҳо ғорат шуданд, даҳшати гуруснагӣ дар ҷумҳурӣ он вақт доман афрохта буд.
Дар натиҷа Конститутсия ва қонунҳои нави қабулгардидаи мамлакат поймол, Президент ба зури силоҳ аз вазифа барканор, ҳукуматро ночор ба истеъфо маҷбур намуда, тамоми шохаҳои ҳукуматдорӣ фалаҷ гардида буданд. Кор ба ҷое расид, ки доир намудани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Душанбе ғайриимкон гардид, зеро ҳеҷ кас кафолати амнияти вакилонро дар он вақт дода наметавонист.
Дар чунин шароити вазнин иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида, барои хотима гузоштан ба ҷанги бемаънӣ таҳкурсии устувор гузошта буд. Ин имкон дод то раванди барқарорсозии шохаҳои ҳукумат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, эҷоди санадҳои нави ҳуқуқӣ шурӯъ карда шавад.
Яке аз шартҳои асосии истиқлолияти воқеии ҳар давлат ин эътироф шудан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон пас аз расидан ба истиқлолияти воқеӣ дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби кишварҳое, ки дар арсаи олам нақши муҳим доранд алакай ба расмият шинохта шуд. Тоҷикистони соҳиистиқлол дар кори созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, СММ, Созмони Амният ва ҳамкори дар Аврупо, Шартномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ИДМ низ фаъолона иштирок дорад. Борҳо сарвари давлати тоҷикон дар ҷаласа ва форумҳои ин ташкилотҳо аз номи кишвари мо иштирок ва бо нутқҳои пурмазмун баромад намуданд.
Албата ҳаёт дар ҳар кишвар, хоҳ он мутараққӣ бошад хоҳ як андоза қафомонда, ҳатман аз масъалаҳои мубрам иборат аст ва роҳи ҳалли онҳо дар ҳамаи кишварҳо як солу ду сол нахоҳад буд. Пас агар сулҳу ваҳдатро ғанимат шуморему шукри истиқлолият кунем, боварӣ дорем, ки миллати заҳматкаши мо тоҷикон низ ҳама гуна проблемаҳоро пас аз чанд муддат ҳал хоҳанд намуд.
Аммо дар фуроварди сухан ҳушдор бояд дод, ки ҳанӯз ҳам қувваҳои ҷудоиталаб дар хориҷи кишвар вуҷуд доранд, ки онҳо бо чунин роҳ рафтани кишвари соҳибистиқлоламонро намехоҳанд ва мехоҳанд, боз аз нав тибқи мақоли тоҷикӣ «обро лой карда моҳӣ доранд». Ин бошад аз ҳар фарде, ки худро тоҷикистонӣ мехонад, сарфи назар аз ақоиди сиёсӣ ва мазҳабиаш зарурияти бештари ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, Шумо – кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва соҳаи тандурустии кишварро бо ин иди бошукӯҳи миллат – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям! Таманнои онро дорам, ки доимо сиҳамтманд, хонаобод ва муваффақ бошед, мурғи толеъу бахт ва осмони софу беғубори сулҳу ваҳдат барои ҳамешагӣ болои саратон танинандоз бошад!

