Имрӯз, 7 марти соли 2024, дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо садорати роҳбарияти Хадамот - сардор, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, муовини якуми сардор, муҳтарам Қадамов Идибек Мансурович, муовини сардори Хадамот, муҳтарам Олимов Давлатмурод Абдухалилович, ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори Хадамот оғоз намуда, оид ба мақому манзалати занон - модарон, саҳми онҳо дар рушду нумӯи кишвар суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад. Таъкид гардид, ки бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд. Дар анҷоми сухан сардори Хадамот занони дар ҷамъомад иштирокдошта ва дар симои онҳо тамоми занҳои кишварамонро бо ин иди зебо - Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, ба онҳо умри дароз, зиндагии осуда, бахту иқболи наку ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Муовини якуми сардор, Қадамов И.М., мувоини сардор, Олимов Д.А., раиси Иттифоқи касабаи кормандони Хадамот Эмомов М. ва дигарон баромад намуда, таманниёти хешро ба занон иброз доштанд.
Занони Хадамот аз ҷониби роҳбарият бо туҳфаҳо низ қадрдонӣ гардиданд.




