Сухани табрикотии сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони азиз!
Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.
Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.
Дастгирии занону духтарон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таъкид мегардад. Аз ҷумла, қайд карда мешавад, ки “…занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.
Симои зан – модар, ҳамчун нақши калидӣ, дар эҷодиёту маҳсули фаъолияти аксар олимону ҳакимони сухан, чӣ дар гузаштаи дур ва чӣ дар замони муосир ҷилвагар ба назар мерасад. Онҳо модарро бо ахтарони баланди осмон ва тамоми зебогиҳои беназири заминӣ ташбеҳ намуда, нисбати ӯ меҳру муҳаббат ва эҳтироми баланди инсонӣ қоил гардидаанд. Ин аст, ки пос доштани мақому манзалати модар ба ҳар яки мо вазифаи муқаддастарин аст.
Бо ифтихор ва шарафмандӣ Шумо – модарон ва бонувони азизи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар симои Шумо тамоми занони кишвари маҳбубамонро бо фарорасии иди зебои баҳор ва Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, бароятон умри дароз, зиндагии осуда, бахту иқболи наку ва дар фаъолияти басо пурмасъулатон комёбиҳо орзу менамоям.
Бигзор, қалбҳоятон пур аз меҳру сурур, чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва фарзандонатон солиму солеҳ, номбардори падару модар, миллат ва халқу Ватан бошанд!
Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!

