Аз 16 то 19 сентябри соли 2024 кормандони муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ"-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - директори он Ёраков Бахтиёр ва сардори шуъбаи коркард, таҳияи ҳуҷҷатҳо ва омӯзиши аккредитатсияи тиббии ҳамин муассиса, Сафаров Соҳибназар, дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар конференсияи байналмилалӣ иштирок намуданд. Конференсияи мазкур бо ибтикори Иттиҳоди ҷамъиятии "Маркази аккредитатсия оид ба сифат дар соҳаи тандурустӣ" дар мавзӯи "Бемор дар маркази диққат, ҳавасмандӣ ба сӯи сифат ва амният" баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур Ёраков Бахтиёр суханронӣ ва оид ба масъалаи мавриди назар изҳори ақида намуд.
Хотиррасон мешавем, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани донишу маърифати кормандон ва сайқал додани малакаи касбии онҳо кумак хоҳанд кард.
![]() |
![]() |
![]() |




