Иштироки Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Симпозиуми сатҳи баланд оид ба сиёсати расондани ёрӣ ва хизматрасонии фармасевтӣ

Иштироки Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Симпозиуми сатҳи баланд оид ба сиёсати расондани ёрӣ ва хизматрасонии фармасевтӣ

24 сентябри соли 2024, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии фармасевтҳо, дар маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Копенгаген Симпозиуми сатҳи баланд, ки дар якҷоягӣ бо Дафтари аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Федератсияи байналмилалии фармасевтон ташкил карда шуд, баргузор гардид.

Доктор Ҳанс Ҳенри Клюгер, Директори минтақавии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо, дар анҷуман бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, нақши муҳими фармасевтонро дар системаи тандурустии ҷаҳонӣ таъкид кард.

Ҳадафи чорабинӣ муттаҳид кардани сиёсатмадорон барои андешидани чораҳои фаврии низомӣ, таъкид кардани нақши фармасевтон ва саҳми асосии онҳо дар беҳтар кардани нигоҳубини беморон ва самаранокии системаҳои тандурустӣ буда, муҳокимаи саҳми кормандони соҳаи фармасевтӣ дар расонидани хизматрасониҳои тиббӣ, таҳкими захираҳои инсонӣ ва дастрасии саривақтӣ ба доруворӣ барои суръат бахшидани фарогирии умумии тиббӣ, таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Дар рафти Симпозиум таҷрибаҳои беҳтарини Минтақаи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар густариши нақши кормандони соҳаи фармасевтӣ дар расонидани ёрӣ ва хизматрасонии фармасевтӣ берун аз доираи анъанавии кори фармасевт дар таъминот ва фурӯши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ, таъмини истифодабарии мақсадноки дору, ваксинатсияи сариваќтӣ, пешгирии устувории зиддимикробӣ, табобати бемориҳои музмин ва ба ин васила коҳиш додани сарбории кормандони соҳаи тиб ва дигар мутахассисони соҳаи тандурустӣ, барои иштирокчиён пешниҳод карда шуд.