Дар чорабиние, ки 20 марти соли 2025 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид, роҳбарият ва кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштироки фаъолона намуданд.
Чорабинии мазкур бо омодагии ҳамаҷониба ва бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, дар он роҳбарияти вазорат, роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.
Масъулини вазорат дар суханрониҳои худ аз ҷумла қайд намуданд, ки Наврӯз - ин иди аҷдодии мо таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, ба ҳеҷ дину равияе мансуб набуда, балки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бузурги ниёгони мо мебошад, ки асоси илмӣ дорад.
Қайд гардид, ки ин ҷашни бостонӣ маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, унвони байналмилалӣ гирифта, имрӯз дар ақсои олам ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат имрӯз ба рамзи муҳаббату садоқат, эҳсону инсоният ва шукуфоии сарзамин табдил ёфта, бо раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар арафаи иди Наврӯз ба корҳои муҳим ҳусни оғоз бахшида, иншоотҳои бузургу арзишманд ба истифода дода мешаванд.
Гӯшаи идонаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар саҳни бинои вазорат дар қатори дигар гӯшаҳои воҳидҳои сохтории вазорат қарор гирифта буд, бо маҳсулоти рамзии наврӯзӣ аз қабили ҳафтсину ҳафтфшин оро дода шуда, ба маърази иштироккунандагон пешниҳод гардид.
Чорабинӣ ба як иди дар ҳақиқат ҳам фарҳангию маданӣ табдил дода шуда, хотири ҳамагонро шод гардонид.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |





