Сухани табрикотии сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, ба муносибати Иди Наврузи байналмилалӣ
Ҳамватанони азиз!
Шуморо бо ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон ҳамчун таҷассумгари тафаккури миллӣ ва сиришти маънавӣ ҷойгоҳи хос гирифтааст, табрику муборакбод менамоям!
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаи шинохти Наврӯз оғоз гардида, суннату оинҳои он эҳё шуданд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯзи фархундапаю бостонӣ, ки ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, ибтидояш решапайванди ҳазорсолаҳост. Шукӯҳу шаҳоматаш заррае коста нагардида, то ба рӯзҳои мо пойдору устувор омада расидааст. Ҷашни бузурги миллии моро ҷаҳониён пазируфтанд ва он аз ҷашнвораҳои маҳбуби ҷаҳонӣ гардид.
Ҷаҳонишавии Наврӯзи миллии тоҷикон эътирофи ҷаҳонии дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик буда, рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, пайванди наслҳо ва эҳёи табиат мебошад.
Наврӯз, тарғибгари беҳтарин суннатҳои волои аҷдодӣ буда, оғози рӯзи наву соли нав, рамзи пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, густариши дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад.
Маҳз, ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси рӯзгор ба ягонагӣ, нангу номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.
Ин ҷашни зебою бостонӣ бо қудуми хуҷастааш ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат меорад, боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад.
Дар ин айёми фараҳафзои Наврӯзи хуҷастапай Шумо ва наздикону пайвандонатонро ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуда, ба ҳамагон азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоии абадӣ ва дар фаъолияти минбаъда муваффақияту комёбиҳои беназир таманно дорам.
Наврӯзатон фирӯз бод! Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

