Муҳтарам кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаи тандурустии кишвар ва ҳамватанони азиз! Шуморо ба муносибати Рӯзи Артиши милллӣ самимона ва сидқан табрику муборакбод менамоям!
Ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, дар кишвар бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад. Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт. Ҳар кас ҷуръат намекард, ки дар он вақт хизматчии ҳарбӣ шавад, зеро он фидоиро талаб мекард.
Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври воқеӣ амалан сурат гирифт. 18-уми декабри соли 1992 Қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии нерӯҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд. Ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.
23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузоргардии парад, яъне 23-юми феврал Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 33-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем.
Саҳми калони фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз рӯйи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал баровард.
Роҳбари кишвар Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, қайд карданд, ки “Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷойи холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии Тоҷикон ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд”.
Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки чунин Артиши миллии пурқувват ва ба камолот расида дорем. Ҷавонони мо имрӯз бо хоҳиши худ барои адои қарзи худ дар назди Ватан ва миллати худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил шуда истодаанд. Ин аз баланд будан ва ташаккул ёфтани худшиноси милли онҳо далолат медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки Артиши миллӣ пояи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Зеро онҳо таъминкунандаи асосии амнияти давлат ва сулҳу субот дар ҷомеа мебошад. Артиши миллии мамлакат туфайли ғамхорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 33 сол ба сохтори воқеии муқтадири ҳарбӣ табдил ёфт.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, Шумо ва тамоми мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо ҳаёти орому осуда ва бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоям.

