14 апрели соли 2026 дар толори маҷлисии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вохӯрии кормандони Хадамот бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Исҳоқ Иброҳим, сардори шуъбаи таҳлилӣ ва банақшагирии коркарди амалиётҳои махсуси Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва Алихонзода Ҷамшед Одинахон, корманди ҳамин раёсат, иштирок намуданд.
Вохӯриро муовини сардори Хадамот Олимзода Давлатмурод Абдухалил ифтитоҳ намуда, меҳмононро барои ташрифашон хайрамақдам гуфтанд. Зимни суханронии худ ӯ таъкид намуд, ки дар шароити кунунии ҷаҳони муосир масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм аҳамияти махсус касб намудааст. Қайд гардид, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамеша дар самти мубориза бо ин падидаҳои номатлуб тадбирҳои муассир меандешад, баррасии чунин мавзӯъҳо хеле муҳим мебошад.
Сипас сухан ба Шарифзода Исҳоқ Иброҳим, сардори шуъбаи таҳлилӣ ва банақшагирии коркарди амалиётҳои махсуси Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Номбурда оид ба масъалаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм маълумоти мухтасар ва ҳамзамон фарогир пешниҳод намуда, ҷанбаҳои гуногуни ин падидаҳоро шарҳу тавзеҳ дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва экстремизм нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳия гардида, дар ин самт корҳои муайян амалӣ шуда истодаанд. Ҳамчунин ба иштирокчиён оид ба «Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи баррасишаванда андешаҳои худро баён намуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |





