Ҷаласаи сайёри Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон

Ҷаласаи сайёри Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон гузашт

Ҷалласа зери роҳбарии муовини аввали сардори Хадамот Идибек Қадамов сурат гирифта дар он муовини сардори Хадамот Давлатмурод Олимзода, сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои хадамот ширкат доштанд.

Сараввал ҳисоботи Сарраёсатҳои вилояти вобаста ба фаъолияти се моҳи аввали соли 2025 шунида шуд. Дар идома Идибек Қадамзода фаъолияти ҳамаи сарраёсату раёсатҳо, шуъбаҳо ва ташхисгоҳҳои Хадамотро мавриди таҳлилу барраси қарор дод. Вобаста ба баъзе камбудиҳое, ки мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва нақшаҳо барои фаъолияти оянда дастуру супоришҳои зарури дод.