Сухани табрикотии сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, ба муносибати “Рӯзи ҷавонон”

Ҷавонписарон ва ҷавондухтарони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаи тандурустии кишвар ва умуман Ватани азизамон – Тоҷикистонро бо ҷашни фирӯзашон “Рӯзи ҷавонон” самимона табрику муборакбод менамоям!

Ҳамасола санаи 23-юми май дар кишвари мо "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мегардад. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакате мебошад, ки аз нисф зиёди аҳолии онро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд. Ҷавонон қувваи асосӣ ё худ муҳаррики пешбарандаи миллату давлатанд. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: "Ҷавонон нерӯи созанда ва бунёдкори ҷомеъа мебошанд".

Чун бо чашми ақл назар афканем, дарк хоҳем кард, ки дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр ҳаст. Ҷавонон ҳамеша боиси пешрафту субот ва рушди стратегияи давлату ҳукумат буданд ва ҳастанд. Хушбахтона, ҷавонони зодаи давраи истиқлолият ҳамеша ҳамқадами замона буда, дар пешрафту тараққиёти ватани маҳбубамон ҳиссагузор мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонону наврасонро дар ҳама соҳаҳо дастгирӣ менамояд. Маҳз ҳамин аст, ки барои ҷавонону наврасони кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендияҳои Президенти Тоҷикистон, стипендияи байналмилалии "Дурахшандагон", квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст ва инчунин ба вазифаҳои баланди роҳбарикунанда таъин гардидани ҷавонон, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, сохтмони ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва тадбирҳои дигар амалӣ гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон насли ҷавону наврасро такягоҳи воқеӣ, умеди имрӯзу фардои миллат мегӯянд ва пайваста таъкид мекунанд, ки бояд ҷавононро дар ҳама соҳаҳо дастгирӣ намуда, барояшон шароити хубро муҳайё созанд. Дар ин замина қайд кардан мебояд, ки аксари кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд ва роҳбарияти Хадамот ба ин масъала диққати ҷиддӣ равона месозад. Ҷавонон чӣ дар зинаи кормандону мутахассисон ва чӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот пурмаҳсулу масъулиятнок фаъолият намуда, аз худ ташаббусҳои созанда ва навовар нишон медиҳанд. Фаъолияти онҳо дар ҳама самтҳои фаъолияти Хадамот бараъло эҳсос карда мешавад, ки ин бешубҳа боиси ифтихору шарафмандист.

Дар баробари ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати кишвар ва Президенти Ҷумҳурии азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷавонону наврасон зарур аст ватанамонро ҳифз намуда, пайваста илм омӯзанду баҳри пешрафту тараққиёти ин сарзамини аҷдодӣ, баҳри ин хоки муқаддас аз ҷону дил ҳисса гузоранд.

Мо ҷавонон бояд ватанамонро сидқан ва самимона дӯст дошта, бо он ифтихор кунем, барои ҳимояи он ҷони худро дареғ надорем, ба қадри сулҳу истиқлол ва озодии он расем ва шукргузори соҳибватанӣ ва соҳибдавлатӣ бошем. Чунки ватан ин модар аст, ватан тору пуди ҳар яки мост, мо дар фазову хоки он чашм ба олами ҳастӣ мекушоем. Пас ин моро водор месозад, ки ин модари хешро ҳимоя ва ҳифз намоем. Таъриху фарҳанг ва тамаддуни онро омӯзем, қадр кунем ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

“Рӯзи чавонон” ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон муборак бошад!