Дар маҷлиси умумии кормадони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки 4 июли соли ҷорӣ дар толори мачлисгохи сарраёсати Хадамот дар вилояти Сугд дар шаҳри Хучанд баргузор гардид, аз фаъолияти Хадамот дар семоҳаи дуюми соли 2025 натиҷабардорӣ карда шуд.
Маҷлис таҳти раисии Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, гузашта, дар ҷараёни он ҳисоботҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дар дастгоҳи марказӣ ва вилоятҳову минтақаи Кӯлоб шунида шуданд.
![]() ![]() ![]() |
![]() |
Дар натиҷа аз ҷониби ҳайати раёсати маҷлис ба камбудиву норасогиҳо дар фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамот ишораҳо гардида, ҷиҳати ислоҳи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд, ки дар протоколи маҷлис муфассал дарҷ гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки доир намудани чунин чорабиниҳо дар воҳидҳои сохторӣ дар минтақаҳо ташаббуси хуб арзёбӣ гардида, барои боз ҳам бештар наздик намудани кормандони Хадамот ва муҳайё намудани фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни онҳо муосидат хоҳад кард.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |









