Муҳтарам кормандони Хадамот ва ҳамватанони азиз!
Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба хонадонатон баракату осоиш ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи пойдор орзумандам.
Ҳамасола 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ба таври бошукуҳ ҷашн гирифта мешавад. Парчам дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд.
Ҳар як давлат дорои рамзу нишонаҳои ба худ хос мебошад, ки ифодакунандаи мустақилияту соҳибихтиёрӣ ва баёнгари арзишҳои фарҳангӣ буда, таърихи миллати ин ё он давлатро инъикос менамоянд. Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки:
«Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад. Яъне ин нишонаҳо муаррифии давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.»
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти ҳар як фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад.
Парчами давлатӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсоларо доро буда, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд. Дар ин замина метавон аз парчамдории давлати Бохтар, Суғд, Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳувияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд:
«Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноӣ аст, нақш гардида буд ва он рамзи давлати неруманди замона маҳсуб меёфт. Ливои Коваи Бузург бошад, нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мост.»
Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон давра инҷониб Рӯзи Парчами миллӣ ҳамасола бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.
Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар баргузории чорабиниҳои расмӣ ва ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамчунин дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеи хос дорад.
Дар парчами давлатӣ рангҳои сурх, сафед ва сабз, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри ободию сарсабзии кишвар мебошанд. Тоҷ ва ҳафт ситора бошад, рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва бақои миллати тоҷикро инъикос мекунанд.
Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (бо баландии 165 метр) дар шаҳри Душанбе бунёд ва ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Ин парчам рамзи худшиносии миллӣ ва ифтихори давлатдории тоҷикон мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари мустақилият, ягонагӣ, сарҷамъӣ, шарафмандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ғурури миллӣ ва ифодакунандаи орзуву ормонҳои мардуми бонангу номус ва меҳнатқаду бофарҳанги мо мебошад.
Бигзор Парчами давлатӣ дар фазои осудаи Ватани азизамон ҳамеша парафшон монад ва мардуми шарафманди моро ба фардои дурахшон раҳнамоӣ намояд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли мардуми шарафманди кишвар муборак бошад!
