ТОҶИКИСТОН БУЗУРГ АСТ
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик — забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст — бисёр аст ӯ.
Имрӯз, 9 декабри соли 2025, дар маҷлиси машваратии назди Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба самъи кормандон супоришҳои бандҳои 21 ва 55-и нусхаи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2025, №11, расонида шуд.
Дар оғози сухан Сардори Хадамот, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, таъкид намуданд, ки супоришҳои дар бандҳои болозикр дарҷгардида, пеш аз ҳама, ба васеъ намудани ҷаҳонбинии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба миллату давлат, хизмати содиқона ба нафъи мардум ва дар ин замина боло бурдани обрӯву эътибори давлат ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.
Сипас, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус — Набиев Ф., вобаста ба супоришҳои бандҳои номбурда ба ҳозирин иттилои муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки бандии 21-и Протокол ба масъалаи ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҷиноятҳо ва дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дахл дорад.
Дар банди 55-и Протокол ба хизматчиёни давлатӣ ва кормандони идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо супориш дода мешавад, ки дар баробари давлату миллати бузурги тоҷик ба истифодаи калимаи «хурд» ё «кучак» роҳ надиҳанд. Тавре таъкид гардид, худкиҳискунӣ ва истифодаи чунин вожаҳо ба мақому манзалати миллат зарба зада, метавонад ба паст шудани обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ оварда расонад. Тоҷикон аз азал китобдор, давлатдор, шаҳрдору бунёдкор, тамаддунофар ва бо меҳнати содиқона хидматгузори Ватан буданд ва ҳастанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ин ифтихорро дар амал собит намояд.
Вобаста ба банди 55 муовини якуми Сардори Хадамот Қадамов И.М., муовини Сардори Хадамот Олимзода Д.А. ва дигарон баромад намуда, дастурҳои дар ин банд зикршударо саривақтӣ ва муассир арзёбӣ карданд. Онҳо дар бораи мақому манзалати тоҷикон дар тӯли таърихи башарият, тамаддунсозӣ, маърифати баланд ва нақши бунёдкоронаи онҳо суханронӣ намуданд.
Ҳозирини маҷлис бо ҳисси баланд иброз доштанд, ки намояндагони миллати бузурги тоҷик мебошанд ва бо сарфарозӣ таъкид карданд, ки дар давлати бузурги тоҷикон — Тоҷикистони соҳибистиқлол — зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Аъзои маҷлис якдилона изҳор намуданд, ки ба Ватан, давлат ва миллати худ содиқона хидмат карда, сазовори номи баланди «тоҷик» будани худро ҳамеша исбот хоҳанд кард.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |





