Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 16 декабри соли 2025 дар толори маҷлисии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз дастоварду натиҷаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2025 дар муқоиса бо солҳои пешин натиҷагирӣ карда, вазифаву нақшаҳоро барои соли 2026 мушаххас сохтанд. Дар суханронии худ Сарвари мамлакат, ба хусус, ба самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати бештар равона намуданд. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ дастуру супоришҳо дода шуда, сиёсати хориҷии кишварро муайян ва баҳри сазовор истиқбол ва ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар партави ҳидояту роҳнамоиҳои Роҳбари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари маҳбубамон сол то сол рӯ ба инкишофу пешравӣ дошта, некӯаҳволии мардумамон боз ҳам беҳтар мегардад. Мардуми Тоҷикистон аз ғамхориву таваҷҷӯҳи Президенти мамлакат қувваю нерӯи тоза гирифта, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии диёри хеш боз ҳам бештар саъю кӯшиш менамоянд.