Паём – дастури амал ва чароғи раҳнамо!

Паём – дастури амал ва чароғи раҳнамо!

26 декабри соли 2025 дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии Сардори Хадамот, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, ҷаласаи васеи кормандон вобаста ба омӯзиш ва таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, баргузор шуд.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун дастури муҳим ва роҳнамои амалӣ арзёбӣ мегарданд. Онҳо ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ равона гардида, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳои кишвар мусоидат менамоянд.

Зикр гардид, ки нуктаҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷиро дар бар мегиранд.

Дар робита ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид карда шуд, ки тибқи Паёми Президенти кишвар, «дар даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст».

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки «дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026–2030 таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд».

Инчунин таъкид гардид, ки «дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати таъмини самаранокии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд».

Дар ҷараёни ҷаласа вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муовини якуми Сардори Хадамот Қадамов Идибек Мансурович, муовини Сардори Хадамот Олимзода Давлатмурод Абдухалил ва дигар кормандон баромад намуда, аҳамияти Паёмро ҳамчун санади сарнавиштсоз ва раҳнамои фаъолияти минбаъда таъкид карданд.