Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2025

27 декабри соли 2025 дар маҷлиси умумии кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар толори маҷлисгоҳи Хадамот баргузор гардид, фаъолияти Хадамот дар соли 2025 ҷамъбаст карда шуд.

Маҷлис таҳти раисии Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, баргузор гардида, дар ҷараёни он ҳисоботҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дар дастгоҳи марказӣ ва вилоятҳо, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб, шунида шуданд.

Фаъолияти ҳар як воҳиди сохторӣ аз ҷониби раиси маҷлис шуъба ба шуъба муфассал таҳлил гардида, ба камбудию норасоиҳои ҷойдошта ишора карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Рафти маҷлис, дастуру супоришҳо ва қарорҳои қабулгардида аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома дар протоколи маҷлис муфассал дарҷ гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо барои натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамот, балки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни воҳидҳои сохторӣ, фароҳам овардани фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни кормандон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо мусоидат менамояд.