ВОКУНИШ БА НАВОРИ ВИДЕОИИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ДОИР БА МАҲЛУЛИ ЛИДОКАИНА ГИДРОХЛОРИД

Вокуниш ба навори видеоӣ вобаста ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Пас аз паҳн гардидани навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар саҳифаи инстаграми шаҳрванд Шаҳлои Гулхоҷа бо номи “Хомушак роҳгум задааст?”, ки дар он иддао мешавад дар дохили шишаи маҳлули Лидокаина Гидрохлорид, истеҳсоли ҶДММ “Тиб барои Шумо”, хомушак мавҷуд аст, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод.

Гурӯҳи кории Хадамот муайян намуд, ки навори мазкур бе нишон додани вақт, макон ва манбаи сабт нашр гардида, ҳамзамон шишаи дар навор нишон додашуда дорои силсилаи рақам намебошад. Дар ҷараёни санҷиш маълум гардид, ки маҳсулоти расмии ҶДММ “Тиб барои Шумо” ҳатман бо силсилаи рақам истеҳсол ва ба муомилот бароварда мешавад.

Ҳамзамон, раванди истеҳсоли маҳлули Лидокаина Гидрохлорид дар корхонаи мазкур аз нав мавриди бозбинӣ қарор гирифта, ҳолати дар навори паҳнгашта инъикосёфта асоси воқеӣ пайдо накард. Ҷараёни истеҳсол ва назорати сифат мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муқарраргардида ба роҳ монда шудааст.

Дар ин замина, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар ҳолати ба миён омадани масъалаҳо вобаста ба сифати маводҳои доруворӣ, қабл аз паҳн намудани наворҳои ҳангомабарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба Хадамот тавассути рақамҳои боварӣ, ки дар дорухонаҳо ҷойгир шудаанд, муроҷиат намоянд.