Имрӯз, 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии гузариши маводи нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсири дар тиб истифодашаванда аз муомилоти қонунӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Салим Абдулазизов, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадраҳим Набизода, сардори Раёсати назорати муомилоти қонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Баротиён, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файззода, инчунин намояндагони муассисаҳои тандурустӣ ва фарматсевтии кишвар иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, аз даврони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди сиёсӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ҷиҳати танзими муомилоти қонунии маводи нашъадор, мубориза бо гардиши ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии ин падидаи номатлуб фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин давра се барномаи давлатӣ ва ду стратегия, аз ҷумла Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 қабул ва амалӣ гардидаанд.
Дар ин замина, таъкид гашт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2025, №1072, таҳти рамзи II40215488, лоиҳаи фармоиши дахлдор ва «Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 дар солҳои 2026–2030»-ро таҳия намуда, он бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2025, №9-124 тасдиқ гардидааст.
Ҷиҳати амалигардонии стратегияи болозикр дар кишвар чорабиниҳои саривақтӣ роҳандозӣ шуда, омилҳои таъсиррасонанда дар самти муомилоти қонунӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор муайян ва арзёбӣ гардиданд, ки дар натиҷа сатҳи нашъамандӣ, инчунин оқибатҳои тиббию иҷтимоии он сол то сол дар мамлакат коҳиш ёфта истодааст.
Бояд гуфт, ки дар ин давра мутобиқи талаботи стратегияи болозикр ва дар асоси Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои маҷмуию мушаххас амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи гардиши қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсири дар тиб истифодашаванда таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Бо мақсади таъмини дастрасии маводи доругии нашъадор ва психотропӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои гузариши онҳо аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ, дар асоси қисми 5 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ҳисобу китоб, нигоҳдорӣ, тақсимот, додан ва фурӯши воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ» аз 2 феврали соли 2022, №79/49, инчунин фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2022, №78 «Дар бораи Тартиби истифода ва таъин намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо мақсадҳои тиббӣ» таҳия гардида, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мувофиқа бо Агентии назорати маводи нашъаовар ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, дар самти назорати давлатии муомилоти қонунии доруҳои махсусназоратшаванда ва пешгирии гузариши онҳо ба муомилоти ғайриқонунӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чорабиниҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Зимни чорабинӣ масъулин аз сохторҳои дахлдори мамлакат ва мутахассисони соҳа доир ба вазъи нашъамандӣ, сохтори суйистеъмоли маводи нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсир, омӯзиши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, сахттаъсир ва заҳрнок, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир, прекрусорҳо ва тартиби фурӯши онҳо аз муассисаҳои фарматсевтӣ баромад намуда, доир ба масъалаву мушкилотҳои дар ин самт ҷойдошта андешаронӣ карданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |







