Муҳтарам кормандони Хадамот ва мардуми шарафманди тоҷик!
Шуморо бо фарорасии ду иди муборак – иди шарифи Рамазон ва Наврӯзи аҷам самимона ва бо меҳру муҳаббати беандоза табрику муборакбод намуда, ба якояки шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори пур аз нишот ва фараҳу шодкомӣ таманно дорам.
Моҳи шарифи Рамазон дар худ фазилатҳои зиёде дорад. Дар ин моҳ мо қалбҳои худро аз меҳру таҳаммул пур карда, дари кинаро мебандем ва уфуқҳои раҳмату бародариро боз мекунем. Рӯҳи ботинии худро бо оромиш пур карда, аз торикие, ки онро халалдор мекунад, халос месозем. Моҳи Рамазон фурсатест, ки на танҳо барои ибодат ва рӯзадорӣ, балки барои санҷидани нерӯи иродаи мо, барои рафъи ҳавасҳо ва талош барои пок кардани нафс аз аъмоли бад, дода мешавад. Орзуи мо ба ин моҳи шариф сол то сол нав мешавад ва аз даргоҳи Худованд талаб мекунем, ки онро дар беҳтарин ҳолат ба мо бирасонад ва амалҳои неки моро бипазирад, гуноҳонамонро ба некӣ табдил диҳад.
Наврӯз низ яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.
Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, дар тамоми давру замон аз тобишҳои сиёсии давру замон эмин монда, то имрӯз аз тарафи мардуми тамаддунофари тоҷик ва меросбарони дигар дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид менамоянд, ки «Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад. Маросимҳои наврӯзии мардуми тоҷик ҷолибу зебо ва нотакроранд. Аз файзи Истиқлолият аст, ки Наврӯз дар саросари Тоҷикистон бо тантанаҳои бошукӯҳ баргузор мегардад».
Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад ва ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.
Бори дигар Шуморо бо иди шарифи Рамазон ва Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, бароятон осоишу саломатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ҷумла неъмати беинтиҳоро таманно менамоям!

