Дар маҷлиси умумии кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки 10 апрели соли ҷорӣ дар Маҷмааи «Ваҳдати Кӯшониён»-и ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон баргузор гардид, натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ ва ҷамъбаст қарор дода шуданд.
Маҷлис таҳти раёсати муовини якуми сардори Хадамот Қадамов Идибек Мансурович баргузор гардида, дар ҷараёни он ҳисоботҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дар дастгоҳи марказӣ, вилоятҳо ва минтақаи Кӯлоб шунида шуданд. Дар кори маҷлис ҳамчунин муовини сардори Хадамот Олимзода Давлатмурод Абдухалил иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда андеша ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Дар фарҷоми маҷлис аз ҷониби ҳайати раёсат ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамот таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Нуктаҳои асосии ин дастуру супоришҳо дар протоколи маҷлис муфассал инъикос ёфтаанд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар воҳидҳои сохтории минтақаҳо ҳамчун ташаббуси муҳим арзёбӣ гардида, барои таҳкими ҳамкориҳо, наздик намудани кормандони Хадамот ва фароҳам овардани фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни онҳо мусоидат менамояд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |





