Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 март то 30 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор мегардад. Ин ташаббус бозгӯи фарҳанги ғанӣ, тамаддуни куҳан ва арзишҳои волои миллии халқи тоҷик мебошад.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар татбиқи ин иқдом фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ, аз ҷумла атлас, адрас ва чакан, саҳми худро мегузорад. Ҳамзамон, ин иқдом ба пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат менамояд.
Итминони комил дорем, ки чунин ташаббусҳои созанда дар ҳифзу муаррифии фарҳанги миллӣ нақши муҳим дошта, барои тарғиби либосҳои миллӣ, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ ва муаррифии шоистаи миллату давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |





