«Иштироки намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Форуми панҷуми умумироссиягӣ таҳти шиори «Муомилоти молҳои тиббӣ – NOVOMED-2025»
Сардори Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Алимат Мавлонзода ва Даврон Давлатзода – роҳбари корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо даъвати Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Россия (Росздравнадзор), дар Форуми панҷуми умумироссиягӣ таҳти шиори «Муомилоти молҳои тиббӣ – NOVOMED-2025» ширкат варзиданд.
Ин чорабинӣ, ки рӯзҳои 10–11 ноябри соли 2025 дар шаҳри Москва баргузор гардид, ба масъалаҳои танзим, бехатарӣ ва таъмини сифати молҳои тиббӣ бахшида шуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносон ва истеҳсолкунандагони соҳа дар он иштирок намуданд. Таваҷҷӯҳи хоса ба ҳамоҳангсозии талаботи миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва мубодилаи таҷриба бо мақомоти танзимкунандаи кишварҳои дигар вобаста ба равишҳои муосири назорати бозори молҳои тиббӣ равона гардид.
Иштирок дар Форуми NOVOMED-2025 имконияти муҳиме барои муҳокимаи мушкилоте фароҳам овард, ки низоми танзими молҳои тиббӣ бо онҳо рӯбарӯ мегардад, инчунин барои муайян намудани самтҳои эҳтимолии ҳамкории минбаъда замина гузошт. Бо шарикони байналмилалӣ мулоқотҳои созанда баргузор гардида, дурнамои ташаббусҳои муштарак ва мубодилаи таҷрибаи техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни форум намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самтҳои асосии фаъолияти мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи танзими молҳои тиббӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии талаботи миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, таҳкими механизмҳои назорат ва баланд бардоштани шаффофияти бозор муаррифӣ намуданд.
Мулоқотҳои баргузоргардида миёни мақомоти танзимкунандаи кишварҳо имкон доданд, ки қадамҳои минбаъда оид ба рушди ҳамкорӣ ва ҷорӣ намудани равишҳои муосир дар назорати молҳои тиббӣ баррасӣ шаванд, ки ин ба таҳкими амнияти беморон ва баланд гардидани самаранокии низоми миллии тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |





