Мулоқоти Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Султон Бекмуродзода, бо намояндаи Маркази байналмилалии ҳалли муқовимати зиддимикробӣ (ICARS) – Аҳмад Весал Заман
Дар доираи сафари шиносоии намояндагони Маркази байналмилалии ҳалли муқовимати зиддимикробӣ (ICARS) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти кории онҳо бо роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷараёни иҷрои ташаббуси пешниҳодгардида дар доираи Изҳори таваҷҷуҳ (Expression of Interest) ҷиҳати коҳиш додани истифодабарии ғайримақсадноки доруҳои зиддимикробӣ тавассути ҷорӣ намудани барномаҳои идоракунии истифода, робитаҳои ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба устувории зиддимикробӣ, инчунин имкониятҳои татбиқи амалии ин ташаббусҳоро дар муассисаҳои тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ, тавсеаи мубодилаи таҷриба ва мусоидат ба пешбурди чораҳои коҳиши муқовимати зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |





